Мўҳри давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ дорад?

5 марта, 2010 at 3:48 пп Оставьте комментарий

Ҷавоби раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимовро ба мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод?» хондам. Ҷавоберо, ки чӣ гуна ифода ёфтани далелу арқомашро аллакай пеш аз чопи мақолаи мазкур дар хаёл доштам. Аслан ки намехостам ба посухҳои «муҷаҳҳаз» бо асноди «копишуда» ҷавоб нависам. Аммо, чун ин «нусхабардорӣ» нусхаи ғайриодӣ ва ғайримуқаррарӣ будааст, хоҳиш пайдо шуд.

Раиси мўҳтарам ҷое каминаро ба ғаразнокӣ муттаҳам карданӣ шуда, ҷои дигар навиштааст: «Азбаски мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод» дар асоси гуфтаҳои Рақибов Атобулло ва ҳамдеҳагони ў навишта шудааст ва муаллиф, шояд аз сабаби маҳдудияти вақт ё худ бо сабабҳои дигари барои хонанда номаълум шунидаҳояшро тадқиқу таҳлил накарда ҳамчун воқеият ба қалам додааст, зарур шуморидем, ки ба масъалаи дар мақола овардашуда дар асоси факту далелҳои мавҷуда равшанӣ андозем». Ин нутқи «пурмўҳтаво»-и ҷаноби ҳокимро хеле хуш истиқбол мегирам ва мегўям, ки ғарази банда ҷуз ифшои ҳақиқат чизи дигар набудаву нест. Бояд бигўям, ки матлаби чопшуда мақолаи таҳлилӣ несту «хулосабарорӣ» ҳам надорад. Он гузориш аст ва мувофиқи хусусиёташ таҳлил талаб намекунад. Гузоришест, ки дар асоси фикри ҷониби ҷабрдида ва нафаре аз зертобеони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия — Илҳомиддин Ҳасанов нигошта шуда. Пас, он чиро низ, ки аз забони И. Ҳасанов овада шудааст, ғайривоқеӣ шарҳ диҳем? Умуман, чаро раиси ноҳия ба ин ҷузъи матлаб ишорае накардааст? Дар мавриди «мақолаи рўякӣ» навиштанам ҳамин қадар гуфтам, бас аст. Бармегардам сари масоиле, ки ҳамакнун бароям аҷибтар менамоянд. Як нуктаро агар ҳоло нагўям, мўҳтарам раиси ноҳия шояд ба дурўғгўӣ ҳам гунаҳкорам кунад. Зеро, ҷои дигар навиштааст: «Навиштаи муаллиф дар хусуси он ки рўзи ташрифи ў раиси ноҳия ба Душанбе рафта будааст, ҳақиқат нест, зеро раиси ноҳия ҳамон рўз, яъне 27-уми июли соли равон дар ноҳия буданд ва аз ҳудуди ноҳия набаромадаанд». Хандаам меояд аз хондани ин пораматн! Ҳатто ба ин фикри худам, ки гўё ба Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимиятӣ давлатӣ нарафтаву дар тарабхонаи «Тайга» нишастаам ва хабари набудани раиси ноҳияро боди сабо ба гўшам расондааст, қариб бовар мекунам. Дар ҳоле, ки мардум рўзафзун аз пойдории амалҳои бюрократӣ дар мақомоти давлатӣ шикоят мекунанд ва ман низ инро ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дақиқ намудаам. Айби ман нест, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мўйсафеди қаровул мизоҷро аз пеши дар «гусел» мекунад. Ва айби қаровул ҳам нест! Иқтибоси дигаре меорам аз ҷавобномаи раис: «Дар асоси баррасии аризаи шикоятии як гурўҳ шаҳрвандон — ҳамсояҳои Рақибов А. прокурори ноҳия муайян намудааст, ки Рақибов А. манзили истиқоматиашро ғайриқонунӣ сохтааст. Дар ҳамин асос Прокурори ноҳия аз 11 июни соли 2009 амри худро дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба имзо расонда, ба ҳолати аввала баргардондани заминро талаб намудааст». Аввалан, изҳори нигаронӣ аз он дорам, ки чӣ тавр прокурор метавонистааст бе таҳлилу ташхиси ҳукуқии асноди вобаста ба баҳси манзил, дар асоси аризаи шаҳрвандон амр барорад? Дуюм, мехоҳам дар бораи ин амр гуфта гузарам, ки раиси ноҳия онро ба ҷавобномааш замима кардааст. Амр «Дар бораи бартарафкунии вайронкунии қонун» дар як саҳифаи андозаи А-4 дар як компютер ҳуруфчинӣ гардида, дар худи ҳамин саҳифа бо ҳамин ҳуруфи компютерӣ тасдиқномаи раиси ноҳия оид ба гирифтани Амр оварда шудааст. Аммо аҷибтар ин ки, рўи имзои прокурор Х. Н. Бобоев ва ҳам порае аз тасдиқномаи раиси ноҳия Ҳакимов А. А. мўҳри Прокуратураи ноҳияи Файзобод гузошта шудааст. Амри мазкур дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуруфчинӣ шуда бошад, ё дар прокуратураи ноҳия? Чӣ маънӣ дошта бошад баровардану қабул кардани «Амри муштарак»? Ҳамин ҷо чизи дигареро ёдрас карданиям. Раиси ноҳия, мўҳтарам Абдулло Ҳакимов дар ҷавобномаи худ нусхаи Қарорро аз 26-уми июни соли 2009 (№286) «Дар бораи амри прокурори ноҳияи Файзобод, аз 11.06.2009» замима намудааст. Ҳамон Қароре, ки онро пештар аз раиси Кумитаи заминсозии ноҳия дастрас карда будем. Фарқият танҳо ин аст, ки дар нусхаи аввалӣ С. Нуров имзо гузоштаву дар нусхаи дуюм А. Ҳакимов. Чунин гуногунӣ боиси тааҷҷуб ҳам ҳаст. Дақиқтараш, он метавонад боварии мардумро нисбати қувваи ҳуқуқии мўҳри давлатӣ коҳиш диҳад. Шояд чандин нафар суолгузорӣ намоянд, ки «наход мўҳрро дар ҳар ҳолат ба ҳар ҷои пешомада пахш кардан мумкин бошад?» ё худ, «наход дар ҳама ҷо бо «санаи гузашта» санад тартиб диҳанд?». Он чӣ, ки гуфтам, ками кам аз андешаҳост. Зеро БМСТЖ (Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ) тасмим гирифтааст оид ба ин масъала тадқиқоташро идома диҳад ва дар наздиктарин шумораҳо паҳлўҳои нокушодаро кушояд. Ба ҳар ҳол, аз раиси ноҳияи Файзобод, мўҳтарам Абдулло Ҳакимов миннатдорем, ки дар ҷавобнома баъзе паҳлўҳои норавшанро бароямон рўшан кардааст. Тариқи ҳафтаномаи «Пайкон» аз эшон хоҳиш мекунем, ки шакли пурраи нусхаи харитаи соли 2004 тағйирёфтаи заминистифодабарии Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза ва нусхаи кўҳнаи онро дастраси мо намоянд.

Фазлиддин АСОЗОДА,

«Пайкон», августи 2009

Entry filed under: Uncategorized.

«Хонагардонак — 2009» дар Файзобод — 3 Ҷанги иттилоотиро ғараз чист?

Оставьте комментарий

Trackback this post  |  Subscribe to the comments via RSS Feed


Муаллиф

Омор

  • 4 605 дид

Назар

Март 2010
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031