«Хонагардонак — 2009» дар Файзобод — 3

5 марта, 2010 at 3:37 пп Оставьте комментарий

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод»-ро, ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» (№ 20, аз 29.07.2009) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳақиқат, чи тавре дар мақола қайд гардидааст, 14 июни соли 2009 дар асоси амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11 июни соли 2009 қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғолнамудаи шаҳрванд Рақибов Атобулло ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Азбаски мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод» дар асоси гуфтаҳои Рақибов Атобулло ва ҳамдеҳагони ў навишта шудааст ва муаллиф, шояд аз сабаби маҳдудияти вақт ё худ бо сабабҳои дигари барои хонанда номаълум шунидаҳояшро тадқиқу таҳлил накарда ҳамчун воқеият ба қалам додааст, зарур шуморидем, ки ба масъалаи дар мақола овардашуда дар асоси факту далелҳои мавҷуда равшанӣ андозем. Ба шаҳрванд Рақибов А. дар асоси санади комиссияи собиқ хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза аз 21 июни соли 1997 ва қарори Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод № 41 аз 26 сентябри соли 1997 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст (замимаи № 1). 29 майи соли 2004 дар асоси санади комиссия оиди гузаронидани ҳисоботи замин аз 7 апрели соли 2004 ва пешниҳоди раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз 17 майи соли 2004 бо қарори Ҷамоати деҳоти Мискинобод таҳти № 75 (замимаи № 2) дар асоси талаботи банди «г» моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби истифодабарии заминро амалӣ нагардонидан, фармони хоҷагӣ № 13 аз 21.07.1997 ва қарори ҷамоат № 41 26.09.1997 оиди ба шаҳрвандон, аз ҷумла Рақибов Атобулло ҷудо намудани 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ бекор карда шудааст. Ҳамзамон, соли 2004 харитаи заминистифодабарии Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза тағйир дода шудааст, ки мувофиқи он дар ин қитъаи замин роҳи деҳа ҷойгир аст. Масъалаи мазкур борҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба шаҳрванд Рақибов Атобулло барои аз нав таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани қарори дахлдор тавсия дода шудааст. Аз ҷумла солҳои 2005 — 2006 ў аз ҷониби намояндагони Кумитаи заминсозии ноҳия огоҳонида шудааст. 17 августи соли 2006 комиссия дар ҳайати муовини раиси ноҳия Раҳматуллоева Ф., роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Нуров С., сардори нозироти андозҳои ноҳия Ваҳобов С., муовини раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод Халифаева Г., сардори Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза Сайфиддинов А., сармутахассиси (заминсоз) Ҷамоати деҳоти Мискинобод Идиев Б. ва дигарон замини номбурдаро аз назар гузаронида, ба Рақибов А. тавсия додаанд, ки ба ҷамоати деҳот муроҷиат намуда, дар асоси қонун барои сохтани манзили истиқоматӣ ҳуҷҷат тайёр намояд. Ҳайати комиссияи номбурда дар ин бора санад тартиб додааст (заминаи № 3), вале Рақибов бо якравии ба худ хос ҳамаи инро сарфи назар намудааст. Бо вуҷуди ин ҳама Рақибов А. соли 2008 дар қитъаи мазкур худсарона, бе тартиб додани ягон ҳуҷҷати зарурӣ ғайриқонунӣ хонаи истиқоматӣ сохтааст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хонаи ў дар болои роҳи мошингарде, ки ҳамсоягон ва дигар сокинон бо он рафтуо мекарданд, сохта шудааст. Ҳангоме, ки Рақибов А. хоҳиши чандинбораи ҳамсояҳоро дар хусуси маҳкам накардани роҳ рад мекунад ва хонаашро месозад, онҳо бо аризаи шикоятӣ ба прокуратураи ноҳия муроҷиат мекунанд. Дар асоси баррасии аризаи шикоятии як гурўҳ шаҳрвандон — ҳамсояҳои Рақибов А. прокурори ноҳия муайян намудааст, ки Рақибов А. манзили истиқоматиашро ғайриқонунӣ сохтааст. Дар ҳамин асос прокурори ноҳия аз 11 июни соли 2009 амри худро дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба имзо расонида, ба ҳолати аввала баргардонидани заминро талаб намудааст (замимаи № 4). Пас аз ба имзо расидани амри прокурори ноҳия ҳамсар ва падари Рақибов А., ки худ дар муҳоҷироти меҳнатӣ будааст, аз иҷрои амр саркашӣ мекунанд. Ҳамсояҳо бошанд, барои кушодани роҳашон иҷрои амри мазкурро ба исрор талаб мекарданд. 22 июни соли 2009 нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин Ҳасанов Илҳом таҳти № 41 ба шаҳрванд Рақибов А. дар бораи бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин дастур додааст (замимаи № 5). Худи ҳамон рўз сармеъмори ноҳия Шарипов Нурулло ба шаҳрванд дар ин хусус огоҳнома додааст (замимаи № 6). 26 июни соли 2009 Қарори раиси ноҳия таҳти № 286 «Дар бораи амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11.06.2009» ба имзо расидааст (замимаи № 7). Пас аз ин 14 июни соли 2009 амри прокурори ноҳия аз ҷониби прокуратура, Кумитаи заминсозии ноҳия бо иштироки раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод ва намояндагони шўъбаи корҳои дохилии ноҳия ба амал бароварда шудааст. Тибқи маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Рақибов Атобулло дар дафтари бақайдгирии ҷамоат ҳамчун хоҷагии алоҳида ба қайд гирифта нашудааст ва дар оилаи падараш Рақибов Абдул дар қайд меистад (замимаи № 8). Бояд қайд намуд, ки ҳангоми иҷрои амр падар ва ҳамсари шаҳрванд Рақибов А. дағалона муносибат намуда, нагузоштаанд, ки маводи сохтмонии боми хона ва анҷомҳои дар хона бударо бароранд ва бо исрор талаб намудаанд, ки ҳатман деворро бо техника кананд. 30 июни соли равон дар деҳаи Заркамари 2 вохўрии раиси ноҳия бо сокинони деҳа баргузор гардид ва дар он масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҳақиқат раиси ноҳия изҳор намуданд, ки Рақибов А. роҳи ҳамсояҳоро кушояд ва ба Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намуда, дар асоси қонун заминро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба расмият дарорад. Вале мутаассифона ў ба қонунвайронкунии худ иқрор нест ва амри прокурори ноҳияро дар ин бобат нодуруст мешуморад. Ҳатто ў ақида дорад, ки прокурори ноҳия бе рухсати раиси ноҳия набояд ин амрро содир мекард. Шаҳрванд Рақибов А. нигоҳ накарда бо маслиҳату сўҳбатҳои чандинбораи раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Ҷамоати деҳот бо ҳамсоягони худ муросо карданро намехоҳад ва изҳор медорад, ки роҳи банд намудаашро намекушояд. Дар натиҷа 12 нафар сокинони деҳа — ҳамсояҳои Рақибов аз рафторҳои ношоями ў ба унвони раиси ноҳия 28 июли 2009 аризаи шикоятӣ овардаанд (замимаи №9). Бояд иброз дошт, ки дар мақола на ҳамаи факту далелҳо беғаразона оварда шудааст. Муаллифи мақола дар асоси изҳори боэҳсоси Рақибов А. ва як гурўҳ сокинони деҳа хулосабарорӣ намуда, масъаларо ба таври зарурӣ таҳлил накарда, хулосабарориҳои рўякиро мавриди нашр қарор додааст. Ў аз номи сокинони деҳа далелҳои тахминиву насанҷидаро навишта, бо ин роҳ ба сари чанд нафар айбҳои набударо бор кардан мехоҳад. Аз ҷумла аз забони Рақибов овардани он, ки «Назди раиси суд рафтам. Гуфт, ки бе қарори ман на раиси ноҳия, на прокурор коре карда наметавонад, вале кардаанд. Назди раиси ноҳия рафтем. Гуфт, ки ҳуқуқи ў аз ҳуқуқи прокурор пасттар аст дар ин корҳо». Хуб мебуд, рўзноманигор дурустии ин гуфтаҳоро аниқ намуда, баъд ба нашр мерасонид. Ё худ масъалаи он ки чаро амри прокурори ноҳия бе қарори суд ба иҷро расидааст? Тибқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри прокурор бетаъхир иҷро карда мешавад. Агарчанде амре, ки дар борааш гап меравад пас аз гузаштани беш аз як моҳ амалӣ карда шудааст. Яъне баъди оне, ки борҳо ба ҷои воқеа намояндагони мақомотҳои гуногуни ноҳия рафта кушодани роҳи аз ҷониби Рақибов басташударо хоҳиш намудаанд. Вале мутаассифона муаллиф сари ин масъалаҳо ҳадди ақал андешаронӣ ҳам накардааст. Навиштаи муаллиф дар хусуси он ки рўзи ташрифи ў раиси ноҳия ба Душанбе рафта будааст, ҳақиқат нест, зеро раиси ноҳия ҳамон рўз, яьне 27 июли соли равон дар ноҳия буданд ва аз ҳудуди ноҳия набаромадаанд. Бояд гуфт, ки саҳми рўзномаю маҷаллаҳо дар тарбияи шаҳрвандон, огоҳсозии онҳо аз воқею ҳодисаҳо, сафарбар намудани онҳо ба ин ё он кор хеле бузург аст. Ба дўши рўзноманигорон дар баробари заҳмати гарон масъулияти зиёд низ меистад. Вале, ба хотири ҳангома (сенсатсия) набояд аз оқибати маводи ба нашр расонидашуда, таъсири он ба ҳаёти шаҳрвандон сарфи назар карда шавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша ҳар як эроди ҳақонӣ ва беғаразонаро, ки дар саҳифаҳои матбуот гуфта мешавад ва барои ислоҳи камбудиҳо, пешравии кор мусоидат менамояд, бо хушнудӣ пазируфта, баҳри беҳтар намудани фаъолияти худ истифода мекунад ва ҳамеша хоҳони ҳамкориҳои созанда мебошад. Боварӣ дорем, ки нашрия низ барои дар асоси қонун ҳал гардидани ҳар як масъала ва риояи қонунҳои мавҷуда аз ҷониби ҳар як шаҳрванд манфиатдор аст.

А. ҲАКИМОВ,

раиси ноҳияи Файзобод,

«Пайкон», августи 2009

Entry filed under: Uncategorized.

Бесоҳибӣ дар Файзобод? Мўҳри давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ дорад?

Оставьте комментарий

Trackback this post  |  Subscribe to the comments via RSS Feed


Муаллиф

Омор

  • 4 605 дид

Назар

Март 2010
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031