Ҷанги иттилоотиро ғараз чист?

5 марта, 2010 at 3:57 пп Оставьте комментарий

Мақолаи мазкур ҷавоб ба силсилаи маводҳо мебошад, ки зери унвони «Бесоҳибӣ дар Файзобод», «Файзобод соҳибдор мешавад?», «Хонагардонак — 2009» дар Файзобод-3, «Хонагардонак — 2009 дар Файзобод — 4» дар нашрияи «Пайкон», шумораҳои 20, аз 29.07.2009, 21, аз 05.08.09, 23, аз 19.08.09 ва 27, аз 16.09.09 чоп шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати матбуоти давриро дарку эътироф карда, кору зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонем. Ҳамкории муайяни судманде низ бо матбуоти даврӣ дар ҷодаи тарғибу ташвиқи қонунҳо дорем. Инчунин, хоҳони онем, ки ҳам маводҳои ВАО ва ҳам вокуниш ба онҳо созанда ва ба нафъи мардум бошад, на ин ки дар шакли радия. Вале моро ба навиштани радияи мазкур силсилаи маводҳое, ки зикрашон дар боло рафт, маҷбур намуд. Мантиқан, дар радияи мазкур ҳолатҳои ба қонуншикании Рақибов А. вобаста бояд пурра шарҳ дода мешуданд. Аммо нашрияи «Пайкон» дар шумораи №23 (23) моҳияти масъаларо ҳаматарафа ва холисона дар мақолаи ҷавобии раиси ноҳияи Файзобод ба чоп расонда буд ва ин ҷо дигар ҳоҷати такрор нест. Кифоя аст бори дигар таъкид намуд, ки Рақибов А. қитъаи заминро ғайриқонунӣ аз худ намуда, боз ҳам бархилофи қонун дар он манзили истиқоматӣ сохтааст. Дар чунин мавридҳо қонун пешбинӣ намудааст, ки замин бояд ба ҳолати аввалааш баргардонда шавад. Воқеан, дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалтонидани (на «хонагардонак», ки нашрия ғалат ва бо лаҳни истеҳзо менависад) иморатҳои худсарона сохташуда махсусан дарҷ шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро кафолат медиҳад. Муносибатҳои вобаста ба замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, Кодекси замин ва дигар санадҳои қонунгузорӣ танзим мегарданд. Берун аз ин доираи номбаршуда ҷустани ҳақиқат дар қазияи Рақибов А. кўшиши беҳуда аст. Ходими сиёсии амрикоӣ Филипс Уэндел (1818-1884) бо киноя сухане гуфта буд, ки мазмунаш айнан чунин аст — кош ба ман иҷозат медоданд, ки газета барорам, он гоҳ на амри маъруфи диндоронро ду пул мегирифтаму на қонунҳои қабулнамудаи депутатҳоро. Яъне вай дар назар дошт, ки бархе рўзномаю рўзноманигорон, чун имконият даст дод, баъзан на меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанду на талаботи қонунҳоро. Риоя нагаштани одоби оддии рўзноманигорӣ ва дағалона вайрон намудани талаботи қонунҳои ҷорӣ аз ҷониби нашрияи «Пайкон»-у рўзноманигоронаш боиси афсўс, нигаронӣ ва радиянависии мо шудааст. Мувофиқи талаботи Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишори ахборе, ки шаъну эътибори давлатро халалдор месозад, зўровариро таблиғ менамояд ва ба содир намудани ҷиноят даъват менамояд, манъ аст ва сўиистифода аз озодии сухан ба ҳисоб меравад. Инчунин мувофиқи ҳамин меъёри қонун, истифодаи ахбори омма барои дидаву дониста чоп кардани маълумотҳои тўҳмату иғвоангез, ки шаъну шарафи мақомоти давлатиро паст мезананд, манъ аст. Мо чунин мешуморем, ки маҳз навиштаҳои зерини нашрияи «Пайкон» шаъну эътибори давлатро дар симои Мақомоти маҳаллии ҳоқимяти давлатии ноҳияи Файзобод, прокуратура, шўъбаи корҳои дохилии ноҳия халалдор сохта, он навиштаҳо маълумоти шаъну шарафи мақомоти давлатиро пастзанандаро дар бар гирифтаанд: «Шиканҷае, ки соҳиби ҳамин хонара кардан, фашисти гитлерӣ дар солҳои 1941-45 накарда буд». «… ҳукумати ноҳия бе ягон шарҳу тафсил бо экскватор хонаи зани серфарзандро ба замин яксон намуд»; «Наход дар вақти абед биёиву ҳамин корро кунӣ, прокурор ҳам ки бошӣ. Бо якташ раиси ҷамоатай»; «Ай таъсири ин ҳодиса дигар метарсем осуда хоб равем»; «Прокурор чаро гурехт?»; «Хонаро гардонду бо баҳонаи «отпуск» гурехта рафт»; «Фашистҳои дохилӣ меоянду ҳуқуқамонро поймол намуда, хонаро вайрон мекунанд»; «Назди раиси ноҳия рафтем. Гуфт, ки ҳуқуқи ў аз ҳуқуқи прокурор пасттар аст». «Аз муомилаву муносибати бади ҳукуматдорони ноҳияи Файзобод, ки хонаи маро бе асосҳои ҳуқуқӣ чапа кардаанд, дилмонда шуда, мехостам ҳатто ба худкушӣ даст занам»; «… манзили Атовулло Рақибов бо фармони шифоҳии додситони ноҳияи Файзобод тахриб шудааст»; «Дар амалкарди додситонии ноҳия аломати ғайриқонунӣ дида мешавад»; Ғайр аз он, ки дар маводҳои нашрия мақомоти давлатӣ таҳқир шудаанд, инчунин дар кирдори муаллифи гузориши «Бесоҳибӣ дар Файзобод?» Фазлиддин Хоҷаев ва шаҳрванд Файзулло Фозилов аломатҳои ҷинояти таҳқири намояндаи ҳокимият дар воситаҳои ахбори омма (қисми 2, моддаи 330 Кодекси ҷиноятӣ) дида мешаванд. Навиштаҳои зерин, ки дар боло низ оварда шудаанд, таҳқири намояндаи ҳокимият — прокурори ноҳия мебошанд. «Прокурор чаро гурехт?», «Хонаро гардонду бо баҳонаи «отпуск» гурехта рафт» ва «Фашистҳои дохилӣ меоянду ҳуқуқамонро поймол намуда, хонаро вайрон мекунанд». Аёнро ҳоҷати баён нест. Аз рўи инсоф, фаҳмонед, ки оё нисбати шахси мансабдори давлатие, ки аз талаботи қонун як ҳарф ҳам берун нарафтааст, паҳн намудани чунин суханон таҳқири рўирост нест? Ба ҳар ҳол ҳамчун ҷабрдида ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти марбутаро оид ба оғози парванда нисбати шахсони зикргардида маҳфуз медорам. Ҳоло мехостам таваҷҷўҳи масъулони нашрияро ба талаботи дигари қонун ҷалб намоям. Дар Моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин навишта шудааст: «Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣ намудани назорат ба иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст. Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад. Прокурорҳо ва муфаттишон вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳо бо супориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки маълумоти санҷиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани онҳо ошкор кунад». Мутаассифона, аз ҷониби нашрия пурра талаботи меъёри мазкур вайрон шудааст! Ақаллан банди охирини ин меъёрро зарур мешуморем шарҳ диҳем. Мувофиқи Моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Дар сурате, ки агар Рақибов А. ба суд муроҷиат кунад, (ҳоло ба қавле вай аз ин ҳуқуқаш истифода бурдааст), он гоҳ то имзо шудани қарори ниҳоии суд масъалаи мазкур пурра баррасишуда ҳисоб намеёбад ва аз ин рў нашрия ҳуқуқ надошт маълумотҳои онро ошкор намояд. Адвокатҳо ва дигар маслиҳатчиёни Рақибовро зарур буд, сари вақт ба ў маслиҳати ба суд муроҷиат намуданро медоданд. Шояд аз сабаби боварӣ надоштан ба худ роҳи қонунии ҳалли масъаларо наҷуста, баръакс ба муқобили мақомоти давлатӣ ҷанги иттилоотиро ба роҳ мондаанд. Силсилаи маводҳоро дар нашрияҳои «Пайкон», «Фараж» мутолиа намуда, ба онҳо баҳои дигар дода наметавонем. Охир дар кулли ин маводҳо дар хусуси он, ки мақомоти ноҳиявӣ маҳз кадом қонунро вайрон кардаанд, ҳатто як сухан нест! Танҳо дар аризаи даъвогии камсаводона тартибдодашуда, ки бо ин ҷурм аз ҷониби суд баргардонида шудааст ва дар доираи ҳамон ҷанги иттилоотӣ дар нашрия чоп шудааст, дар хусуси талаботи Моддаи 154 Кодекси манзил гуфта шудааст, ки нодуруст буданаш ҳатто ба донишҷўи соли аввали факултаи ҳуқуқшиносӣ маълум аст. Чунки муносибатҳои вобаста ба заминро ҳеҷ гоҳ қонунгузории манзил ба танзим намедарорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ нақши матбуотро паст заданӣ нестем, вале рўшан аст, ки дар муқоиса бо матбуоти даврӣ ҳуқуқ, ваколат ва имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан прокуратура ва суд баҳри муайян кардани ҳақиқат ва ҳимояи ибодоваҳову рақибовҳо ба маротиб зиёд аст. Пас, гумроҳ намудани омма аз ҷониби рўзноманигор ки гўё мақомоти давлатӣ танҳо дар фикри озори мардуманду агар рўзноманигор ва рўзномаи вай набошанд касе ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳимоя карда наметавонад, комилан нодуруст аст. Дар интиҳо, бо дастрасии Моддаи 7 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз шумо, роҳбарияти нашрияи «Пайкон» хоҳиш менамоям, ки то лаҳзаи гузаштани ҳамаи марҳилаҳои судӣ ва имзои қарори интиҳоии суд вобаста ба масъалаи Рақибов А. аз чопи маводҳо дар мавзўи мазкур худдорӣ намоед.

Ҳ. Н. БОБОЕВ,

прокурори ноҳияи Файзобод,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

«Пайкон», октябри 2009

Entry filed under: Uncategorized.

Мўҳри давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ дорад? Мо ҷанги иттилоотӣ надорем, ҳақиқатро мегўем…

Оставьте комментарий

Trackback this post  |  Subscribe to the comments via RSS Feed


Муаллиф

Омор

  • 4 605 дид

Назар

Март 2010
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031