Амалиёти бебарор дар Чанорои Файзобод


Амалиёти мақомоти қудратии кишвар дар деҳаи Чанорои ноҳияи Файзобод муқобили маҳбусони фирорӣ се тан захмӣ дошт, ки миёни онҳо подполковники Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидбек Рустамов ва сардори бахши файзободии ҳамин кумита буданд. Ин амалиёте буд, ки то расидан ба деҳаи Чаноро ҳангомаҳои паҳншударо атрофи он таҳлил мекардем. Зеро баъди гирифтани иттилоъ чандин маротиба ба мақомоти масъули давлатӣ занг задему касе ҳозир нашуд воқеияти ҳодисаро тасдиқ кунад.

Ҷойи воқеа

Вақте то даромадгоҳи деҳа расидем, дидем, ки «Камаз»-и Вазорати мудофиа истодааст ва 6 нафар сарбози низомипӯш дар даст яроқ пасу пеш равуо доранд. Пеш-пешамон мошини тамғаи «Нива-Шевролет» ҳаракат дошт. Дар дохили он ду нафар бо либосҳои низомӣ нишаста буданд. Чун мошин дар саршавии деҳа қарор нагирифт, яқин шуд, ки воқеа дар маркази деҳа рух додааст. Ниҳоят ба маркази деҳа низ расидем. Инҷо, дақиқтараш назди масҷиди ҷомеъ гурӯҳи афсарону аскарон ба гуфтугӯ машғул буданд ва канори роҳ 5 мошини сабукрав, 2 «Камаз» ва як «Урал» низ меистод. Чун мақсадамон нахуст шунидани шарҳе аз забони ягон нафар сокини деҳа буд, аз паҳлӯи афсарон гузаштем. Болотар аз масҷид ду-се нафар аз мошин бор мефароварданд. Наздашон рафтаву салом додем. Нигоҳашон нобоварона буд. Бо шубҳа назар мекарданд ва ин далолат аз воқеаи нохуше медод. Ҳатто як нафарашон, ки ба ӯ муроҷиат кардаву аз ҳодисаи рухдода пурсидем, аввал онро батамом инкор кард. Гӯё чизе нашудааст, ҳама орому осуда аст. Аммо чеҳраи маҳзун суханҳои гуфтаашро инкор мекард. Вақте журналист буданамонро донист, андаке осуда шуд ва нарм-нарм ба сухан даромад. Гуфт, ки рӯ ба рӯи масҷид якто якхонагист ва ҷойи зуҳури воқеа ҳамон аст. Аммо аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ кард. Изҳор дошт, ки он соати 2-и шаб рух додаасту онҳо масти хоб будаанд.

«Обыск»?

Баъди сӯҳбат бо ин сокини деҳа қафо гаштем, ба сӯйи масҷид роҳ пеш гирифтем. Назди дарвозаи масҷид, дар шафати сероҳае, ки мошинҳои низомиён меистоданд, як нафар прапоршик автомат бар китф ҳамоил атрофро наззора дошт. Дар автомати ӯ тамғаи 20 зада шуда буд. Яъне гувоҳӣ аз он, ки автомат ба ӯ тааллуқ дорад. Дар саҳни масҷид бошад, зиёда аз 20 нафар кормандони мақомоти қудратӣ гирд омада буданд. Аз афсари навбатдор хоҳиш кардем, ки сардорашонро даъват намояд, то бо ӯ сӯҳбате дошта бошем. Пас аз чанд лаҳза назди мо марди миёнҷуссае бар тан либосҳои варзишӣ баромад, ки дасти рост ба гарданаш бо дока баста шуда буд. Худро муаррифӣ намуда, аз ӯ хоҳиш кардем, ки ба масъала рӯшанӣ андозад. Аммо ӯ гуфт: «Дар инҷо ягон гап нест. Мо «обуск» гузарондестем. Ягон гапу хабар нест ва ҳич кор нашудааст. Сардорҳо нестанд. Мо дигар чизе намедонем. Шумода ҷавоб». Гарчанде ӯро мешинохтем, вале номашро пурсидем. Ӯ нагуфт ва мо низ худро чунон вонамуд кардем, ки гӯё ӯро намешиносем.

Меҳмонон дар хонаи Шоҳмурод

Чун посух гирифтан аз кормандони мақомоти қудратӣ дар ҷойи воқеа муяссар нашуд, ба сӯйи хонае рафтем, ки нуқтаи даргирӣ будааст. Дар хона касе набуд. Ба ҳавлии хонаи ҳамсояи он сокин ворид шудем. Дар саҳни ҳавлӣ мӯйсафеди нӯроние дасту рӯй мешуст. Ӯ аз ҷой хеста, моро пешвоз гирифт ва болои кати ҳавлӣ даъват намуд. Баъди нишастан мақсади ташриф оварданамонро гуфтем. Мӯйсафед гуфт, ки Саид Мӯсоев ному насаб дорад ва 65-сола аст. Ҳамзамон, зикр намуд, ки ҳамсояаш Шоҳмурод ном дорад ва ҳоло дар тӯй, дар хонаи бародараш аст. Саид Мӯсоев ҷараёни воқеаро чунин нақл кард: «Ман шаб хоб будам, ки тахмин соатҳои 2:30 ба 3-и шаб тарақотуруқ сар шуд. Хестам, ки тирпарронӣ рафта истодааст. Дидам, ки дар хонаи ҳамсояам аст. Дигар аз тарс куҷо мебароӣ? Танҳо Худоро ёд кардаму нишастам. Чунки, охир мо ҳамсояи дар ба девор ҳастем. Боз шаби боронгарӣ, бебарқӣ, торикӣ. Аз нав хоб кардам ва саҳар соати 6:30 хестаму рафтам, ки дар байни ҳавлӣ нонҳо пош хӯрдагӣ, хуну хатар дар рӯи ҳавлӣ чошидагӣ. Баъд одамҳо гуфтанд, ки ҳамин шаб гурезаҳо омадаанду ду нафар кормандони КГБ-ро паррондаанд. Шаб омада, дари хонаи Шомуродро тақ-тақ кардааст. Ӯ аз дохил гуфтааст: «Кист?». Гуфтааст, ки «мусофирда ҷой нест?». Кормандони КГБ намондаанду «қафо ист» гуфтаанд ва дарро худашон кушодаанд. Гураза онҳоро паррондааст. Дар торикӣ бо ҳамин кӯча тарафи боло гурехтааст. Кормандони КГБ як рӯз пеш омада буданд. Мо бо онҳо шаб то соати 21 нишастему чой карда, баъди хуфтан ба хона омадем. Вақте саҳар рафтем, нонҳояшон ва як пойафзоли кандагӣ партофтагӣ буд. Кормандони амният гуфтанд, ки пойафзол аз онҳост. Мо ягон нафарро надидем, на гурезаҳоро на захмиёнро. Баъди воқеа, худи ҳамон шаб шахсони ҷароҳатбардоштаро ба беморхонаи ноҳия мебаранд. Баъди ин фоҷеа моро ҷамъ намуданду маҷлис гузаронида, гуфтанд, ки шумо ҳам бетараф набошед, ба мо кӯмак расонед. Дар маҷлис як генерал буд, номашро намедонам. Инчунин, прокурори ноҳия ва якчанд полковники дигар иштирок карданд. Ростӣ, мо ҳам метарсем. Намедонем дигар чи кор кунем. Аз тарс дигар хобамон ҳам намебарад».

Нақли махсуми Убайдулло

Баъди рух додани ҳодиса овозаҳое низ пайдо шуда буд, ки гӯё дар деҳаи Чаноро махсуме мезистааст ва кормандони мақомоти қудратӣ писари ӯро барои бозпурсӣ даъват карда будаанд. Аз Саид Мӯсоев дар ин бора тавзеҳот пурсидем. Вале ӯ гуфт, ки кормандони амниятӣ касеро аз деҳа наранҷондаанд ва оид ба даъват шудани писари махсум хабаре надорад.

Вақте ба хонаи махсум расидем, пушти ҳавлияш мошине меистод ва ӯ бо чанд тан аз аҳли оилааш машғули пиёзфарорӣ буданд. Чун матлабамонро баён кардем, гуфт: «Ман чизеро бо чашмам надидам, чунки хонаи мо дар болои деҳа аст. Чизе шунидам аз ҳамон мардум шунидаам. Мегӯянд, ки шаб КГБ-и худамон бо амнияти аз шаҳр омада дар хонаи Шоҳмурод пинҳон шуда буданд. Шаб дар тақ-тақ мешавад, КГБ-и шаҳрӣ дарро мекушояду худро ба болои ҳамон гӯрсӯхта мепартояд, вале чихеле дасташ кушода мешаваду таппончаро гирифта, онҳоро мепарронад. Лекин намедонам, ки он таппонча аз кист. Аз рӯи гуфтаи кормандони амният, гурезаҳо 6 нафар будаанд. Вақте яктояшро аз пой меафтонанд, таппончаи кадом корманди КГБ меафтад ва ӯ гирифта корашро мекунаду мегурезад. Вале як нафарашон ба хона рафтааст. Дигар нафарҳо дар берун «позитсия» мегиранду мешинанд. Аҷоиби кор ҳамин ки, ҳамин шаб дар деҳа барқ набуд ва боронгарӣ буд. Охир дар торикӣ дигар панҷ қадам аз худат пешро дида наметавонӣ. Баъд ғайб заданд. Намедонем дар куҷо бошанд. Шаб хоб будам, садои тараққос баромад. Ман фикр кардам, ки шояд аз дарахтон болои тунукаҳо себ афтода бошад. Баъд корро саҳар фаҳмидам. Ҳанӯз моҳи мубораки рамазон, пеш аз шаби қадр як рӯз кормандони амният омада гуфтанд, ки агар фирориҳоро дидед, ба мо хабар диҳед. Ман пеш аз таровеҳ бо мардум маҷлис намудам. Ба онҳо фаҳмонидам, ки «дӯстон, гӯш кунетон, агар онҳо омаданду чизе талаб намуданд, диҳед, вале ҳаргиз бо онҳо муқобилият накунед, ки одамро куштанашон мумкин аст. Лекин баъди рафтани онҳо ба амният хабар расонед, ки дидем». Хонаи як ҷиянам дар болои деҳа аст. Аз он боло дигар хона нест. Як рӯз баъди воқеаи гузашта писари ҷиянам Насим дар назди хонаашон фирориро дида, рафта ба кормандони амният хабар додааст. Лекин наёфтанд касеро.

Он хабаре, ки гӯё фирориён дар хонаи ман будаанду писари маро бастаанд, дурӯғ аст. Ман се фарзанд дорам. Яктояш дар Русия, дигараш дар шаҳр кор мекунад, сеюмаш ҳоло синфи 7 аст, ки дар пеши ман аст. Ин гапҳо ҳама сохтаанд. Кормандони амният ягон чиз гуфтанӣ бошанд, аввал маро даъват мекунанд, ки «бобои махсум, биёед як маҷлис кунем» ва онҳо аввал суханро ба ман медиҳанд. Боз аз ман маслиҳат мепурсанд. Боз чӣ хел мо дар ин кор қӯш будаем?! Ман борҳо тафтиш кардам. Ҳар рӯз аз мардум мепурсидам, ки гурезаҳоро ягон бор дидед? Ҳама не мегуфтанд. Худам низ дар деҳа боре онҳоро надидаам. То имрӯз касе ба ман гапи баланд нагуфтааст. Ба бачаҳоям низ».

Дар ҳаммоми Насим

Як гуфтаи махсуми Убайдулло, яъне фирориеро дидани ҷиянаш баъди задухӯрд моро ба қисмати болои деҳа бурд. Наимро дар ҳавлияшон вохӯрдем ва баъди шиносоӣ якбора аз вазъияти баамаломада бо худи ӯ пурсон шудем. Ӯ гуфт: «Саҳари шанбеи 18-уми сенятбр буд, ки ҳама аҳли хонаводаамон ба тӯй рафтанд. Ман дар хона танҳо мондам. Тарафи ҳаммом рафтам ва хостам шустушӯй кунам. Аммо дари ҳаммомро кушодани будаму кушода намешуд. Боз аз нав дарро тарафи худ кашидам. Касе аз дарун онро ба тарафи худ кашид. Сахт тарсидам. Дар болои хонаамон қариб 80-90 метр дуртар солдатҳо нишаста буданд. Пеши онҳо рафтаму ҳамаи воқеаро гуфтам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳоло омонҳоямон аз ноҳия оянд, баъд меравем. Ман ҳайрон. Қариб 30 нафар буданд, аммо ягон нафар ҷуръати омадан накард. Баъди 40-50 дақиқа дигарҳо аз ноҳия омаданд. Мо аз боло поён фаромадем. Ҳама ҷоро гирд карданд, вале касе набуд. Омадем, ки дари ҳаммом бо тирезаҳояш кушода аст, лекин нафаре нест. Боз саҳар омаданду кофтанд, ягон нафарро наёфтанд. Боз маро мегӯянд, «ки худуш танҳо мондаасту аз тарс дар назараш тофтааст». Аммо ман кӯдаки майдаҳак нестам. Дарро қапидаанд ё не, фарқ карда метавонам. Агар онҳо дар вақти гуфтагии ман меомаданд, шояд нафареро дастгир мекарданд. Лекин онҳо ҳамааш тарсиданду то омадани шариконашон касе аз ҷой наҷунбид».

Мувофиқаи бенатиҷа

Тавре пештар дар сӯҳбат бо мо ҳамсояи Шомурод Ғуломов гуфта буд, мавсуф дар тӯй, дар хонаи бародараш Тағоймурод Ғуломов қарор доштааст, ки ӯ директори мактаб аст. Аммо вақте ба хонаи Тағоймурод Ғуломов рафтем бародараш аллакай аз пайи келин ба ноҳия рафта будааст. Бо ӯ телефонӣ дар тамос шудем. Гуфт, ки ӯро ба Душанбе даъват кардаанд. Мувофиқа намудем, ки ба Душанбе мерасему ба ӯ занг мезанем ва сӯҳбат меороем.

Баъди берун шудан аз хонаи директори мактаб сари қадам хонаи бародари ӯ, хонаеро, ки ҳодиса онҷо рух додааст, аккосӣ кардем. Ва баъд роҳи ноҳияи Файзободро пеш гирифтем. Дар Беморхонаи марказии ноҳия гуфтанд, ки ду нафари маҷрӯҳ аллакай худро хуб ҳис мекунанд. Аммо барои ҳамсӯҳбат шудан бо онҳо розигӣ надоданд. Мутаасифона сардухтури беморхонаро низ натавонистем. Гуфтанд, ки пайи коре рафтаю соатҳои 8-9-и бегоҳӣ меояд. Чун фурсатамон кам буд, ба Душанбе баргаштем. Ва боз, мутаасифона, вақте ба Шомурод Ғуломов занг задем, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.

Тасдиқи воқеа

Рӯзи 20-уми сентябр ба сардухтури ноҳияи Файзобод Фазлиддин Зубайдов занг задем. Ӯ ба мо чунин иттилоъро ироа дошт: «Соат 4:14 буд, ки бо як мошини тамғаи «Москвич» беморонро оварданд. Ду нафари онҳо дар ҳолати беҳад вазини буданд, аммо як нафарашон — Эмоалӣ Қувватов, сардори КГБ-и Файзобод ҷароҳаташ сабук буд. Ӯро аз муоина гузаронидему гашта рафт, вале Хусрав Носиров (соли таваллудаш 1984), ки аз ҷигарш тир хӯрда буд ва Саидбек Рустамов (соли таваллудаш 1966)-ро, ки аз китфи чапаш тир хӯрда буд, ҷарроҳӣ намудем. Саҳари 20-уми сентябр, ки каме сиҳат шуда буданд, соати 9:30 дақиқа онҳоро ба шаҳри Душанбе бурданд».

Фазлиддин ХОҶАЕВ,

Эраҷи АМОН,

«Нигоҳ», сентябри соли 2010

Сентябрь 27, 2010 at 1:37 пп Оставьте комментарий

«Мурдаҳои Кӯлобро зинда кунанд, баъд ба истеъфо мераванд!»

Соати 8-у 15 дақиқаи 2-юми июн буд. Намедонам чӣ тасодуфе афтода, ки савори микроавтобуси рақами 25 будаму ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда равон ва аз баландгӯяки мошин садои маҳину ватандӯстонаи сарояндадухтар танинандоз: «Кӯлоби ман, Кӯлоби ман, Кӯлоби ман…». Хеле боз Кӯлоби азизамро надидаву пазмон шудаам…

Баробари фаромадан аз мошин мебинам, ки назди бинои КҲФ «Газел»-и ин ниҳод истодаву рӯзноманигорон як — як омада, вориди он мешаванд. Тибқи нақшаи пешакии Кумита, мошин расо соати 8:30 дақиқа ба роҳ мебарояд.

Чун таҳиякунандаи ин сафари рӯзноманигорон худи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда буд, шояд баъзе бар сар андеша доштанд, ки боз кадом як созмони хориҷӣ барои зарардидагони Кӯлоб аз сел кӯмак фиристодаву масъулин бо ин восита дар тараддуди «реклама» кардани худ ҳастанд. Аммо ба гумонам, сарфи назар аз баъзе ҷузъиёт, ҳама мисли ман мехостанд болу пар бароранд, то зудтар ба он диёри мотамгирифта расанд ва лаҳзаяке ғамшарики аҳли байти хонаводаҳои талафёфта бошанд.

Суханҳои дуюмдараҷаву шубҳаомез

Вақте аз пойтахт берун мешудем, ду нафар масъули КҲФ (ба ғайр аз ронанда) огоҳ намуданд, ки муддате шоҳиди савгандёдкунии сарбозон мегардем ва боз роҳро идома медиҳем. Чун ба қароргоҳи сарбозон расидем, аллакай онҳо саф ороставу пайи ҳам аз саф берун шуда, савганд ёд мекарданд ва наздиконашон амалашонро тамошо доштанд. Ростӣ онҳо ҳушёртар аз сарбозоне метофтанд, ки солҳои пеш чанд маротиба қасам ёд карданашонро зери мушоҳида гирифта будам. Ҳангоми сӯҳбат муовини сардори Раёсати корҳои тарбиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Музаффар Усмонов низ гуфт, ки имрӯза наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз сарбозони 2-3 соли пеш ҳам бо тавоноии ҷисмонӣ, ҳам бо ақлу заковат фарқ мекунанд.

«Шумо шоҳиди он гашта истодаед, ки наваскарони моҳе пеш ба хизмат даъватшуда аллакай дар як мӯҳлати кӯтоҳ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Имрӯз ҳар як сарбозе, ки савганди садоқат ёд мекунад, барои оянда дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хизмати дусолаи худро адо намудан бо ин савганд содиқ мемонад. Мо тамоми шароитҳоро барои онҳо муҳайё кардем, то ин ки барномаи омӯзишии кӯтоҳмуддат фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти сарбозони навдаъватшуда бошад»,- зикр намуд ӯ. Дар мавриди маҷбурӣ, яъне ба қавли маъмулии мардум, тариқи «облава» ба хизмат кашидани ҷавонон, мавсуф зикр намуд, ки қариб ҳама ихтиёрӣ омадаанду довталабон ниҳоят зиёданд. «Имрӯз дар сафи сарбозони навдаъватшудаи қушӯнҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нафарони зиёде ҳастанд, ки баъди хатми донишкадаҳо даъват шудаанд, ё ихтиёрӣ омада хизмат мекунанд»,- илова намуд Музаффар Усмонов. Аммо чун қаблан дар майнаамон натиҷаҳои офати табиӣ ва камҳунарии намояндагони КҲФ барои пешгирӣ намудани он чарх мезад, ин суханҳои васфкунандаи наҷотдиҳандагони оянда аллакай дуюмдараҷа ва як андоза шубҳаомез ба назар мерасид.

«То «бумага» ёрдам доданд»

Баъди боздид аз мавзеи савгандёдкунии сарбозон мошини мо — сафаракиён дубора ҳаракат кард ва баъди чанд муддат ниҳоят ба даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб расидем. Дар ин ҷо ба дастаи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ҳабибулло Латипов низ пайваст. Чанд дақиқа сарфи аҳволпурсӣ шуд ва рӯзноманигоронро ба минтақае бурданд, ки дар 5 қитъа корҳои сохтмонӣ мерафт. Дар қитъаи якуми сохтмонӣ бо муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон муовини раиси Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Хатлон Саидумрон Абдураҳмонов сӯҳбат доштем. Нахуст дар бораи шумораи ширкатҳои сохтмонӣ ва кори сохтмончиён суол додем. ӯ изҳор дошт, ки ширкат бисёр аст ва ҳар як ноҳияи маблағгузор худаш сохтмончӣ мегирад. Аммо номбурда ҳузур доштани ширкатҳои хориҷиро дар минтақа рад кард. «Ширкатҳои хориҷӣ даъват нашудаанд. Барои он ки хориҷиҳо ӯҳдадорӣ гиранд, ҳаҷми бузурги кор лозим аст. Бо 100 — 120 ҳазор сомонӣ нархи хона онҳо иштирок намекунанд»,- гуфт ӯ ва афзуд: «Мувофиқи лоиҳа, панҷ ғишти аввал бояд ғишти пӯхта ояд. Аммо баъзе ширкатҳое, ки шароит доранд, биноро пурра бо ғишти пӯхта месозанд. Ягон ширкате нест, ки корро бар ӯҳда гирифтаву сарпечӣ карда бошад. Корро ки гирифтаанд, иҷро мекунанд».

Ба гуфтаи Саидумрон Абдураҳмонов, то 6-уми ноябр хонаҳо бояд сохта шаванд. Аммо вақте дар майдони кушод миёни хаймаҳо гардиш мекардем, ба мушоҳида расид, ки бинои баъзе хонаҳо аллакай қад афрохтаву барои баъзеи дигар акнун таноб мекашанд. Назди «соҳибхона»-зане ҳозир шудем, ки сар аз хаймаи худ берун оварда, ҳайрон — ҳайрон ба навомадон, яъне рӯзноманигорон дида медӯхт. Маълум шуд, ки сохтмони хонаи ӯро низ акнун оғоз кардаанд. Чун сабаб пурсидем, сар ба гиребон кашиду «чум, надонам» гуфта монд. Баъди пурсиши иловагӣ изҳор дошт, ки маблағ набудаасту ҳамин саҳар муҳайё шудааст ва Худо хоҳад, хонаашро дар мӯҳлати кӯтоҳ сохта медиҳанд. Дар посух ба суоламон оид ба вазъи маишӣ ӯ зикр намуд, ки 2 халта орду 50 кило биринҷ гирифтааст, аммо косаву табақ надодаанд.

Дар ҳамин маврид зани дигаре, ки хаймааш аз хаймаи он зани аввалӣ қариб 100 метр дуртар буд, гуфт: «Ҳама чизро доданд, 4 қошуқ, термос, табақ, дастпоккун. Худоро шукр. Хонаамон вайрон шуд, лекин ана, бароямон хона сохта истодаанд. То «бумага» ёрдам доданд. Нони гарму об меоранд, картошкаву пиёз доданд. Ҳама шароитамон хуб аст. Дари палаткаҳоро маҳкам мекунем, гармак аст. Ба духтур муроҷиат мекунем, сари вақт омада фарзандонамонро мебинанд».

Гап сари духтур рафту ба ҳамшираи ёрии таъҷилӣ Таманно Каримова муроҷиат кардем, ки дар ҳамин қитъаи 1-ум қарор дошт. Мавсуф гуфт: «Дар натиҷаи офати табиӣ кӯдакони 2-сола, 6-сола даруни об монданд. Онҳоро бо либосҳояшон печонданд. Баъд оби ифлос ҳам якҷоя шуд. Дарунравӣ бисёр аст, таб ҳам. Вале соҳиби ягон касалӣ аз варзишгоҳ то инҷо боре шикоят накардааст. Ба қадри имкон, чи хизмате аз дастамон меояд, барои халқамон карда истодаем».

«Имрӯз биё, пагоҳ биё!»

Бо назардошти кам мондани фурсат, тасмим гирифтем аз як қитъаи сохтмонии дигар дидан кунему халос. Интихобамон қитъаи сеюм буд. Донистем, ки дар ин қитъа маҳаллаи аҳолинишин тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Дар қитъаи мазкур низ сохтмони баъзе хонаҳо нав оғоз шуда буд. Одамони зарардида даруни хаймаҳову берун аз он ҳар кас ба кори худ овора. Кӯдакон хокбозӣ мекарданд ва ҷо — ҷо занҳо гирд омада, сӯҳбат доштанд. Ду нафар зане диққатамонро ҷалб кард, ки пушти хонаи ба ошхона монанд нишаставу хеле маҳзун менамуданд. Наздашон рафтему аҳвол пурсидем. Гуфтанд, ки ҳама хуб аст, аз чизе шикоят надоранд. Аммо аз симояшон андаке тарси ҳаяҷономезро хондан душвор набуд. Ҳамин вақт аз хаймаи наздиктарин зане берун шуд ва рост сӯйи мо омад. Худашро Соҷидамо Астанақулова муаррифӣ кард. Гуфт, ки 25 сол дар мактаби №22 муаллима шуда кор кардааст. «Мо ҳама монда шудаем, вале боз шукри Худо мекунем. Аз ҳукумат розием, ки кӯдаконамонро ройгон табобат мекунанд. Фақат дег намерасад, ки хӯрок пазем»,- зикр намуд ӯ.

Ин занҳо як пешниҳод ҳам доштанд. Хоҳиш намуданд, ки вақте чизе меоранд, хайма ба хайма тақсим кунанд.

Саргарми қайд кардани пешниҳод будем, ки аз ҳамон ягона хонаи наздамон зане садо намуду пеш омад. Бе он ки худро муаррифӣ кунад, ба шикоят даромад: «Акаҷон, ман бе хонаву бе дар мемонам қати 4 фарзандам. Ба куҷо шикоят барам, ки барои ман ҳам дар қатори ҳаминҳо ягон хона созанд? Ягон кас ба додам нарасид. Арзу додамро ягон кас гӯш намекунад. 13 сол аст, ки дар ҳаминҷо зиндагӣ дорам. Шавҳарам маъюб аст. Нав аз ҷарроҳӣ баромад, аз дасташ коре намеояд. Қаровул аст. Аҳволи даруни хонаи маро бинед, раҳматон меояд. Ҳар рӯз ҳукумат меравам, чора намебинанд. «Имрӯз биё, пагоҳ биё!» мегӯянд. Давондестанма. Як умр ҳамин боғро нигоҳ кардам. Наход мисли дигар одамон ҳаққи дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан надошта бошам? Аз нодорӣ писарамро ба мактаб набурдам. Як бор саратонро аз дари ман дарун кунед! Раҳм ба мойи камбағал кунед, илтимос!».

Дар ҳақиқат назди манзили истиқоматии ӯ пойдевори хонаро рехта буданд ва маълум гардид, ки бинои нав барои ӯ нест. Сараввал номи он занро пурсида, баъдан ҳуҷҷати манзил талаб кардем. Ному насабашро Рухсора Абдураҳимова гуфта, ишора намуд, ки бо ӯ равем. Назди дари хонаи фақирона бо шавҳараш Сӯҳроб Пириев вохӯрдем. ӯ ҳуҷҷатҳои қонунигардонии молу мулкро пешниҳод кард. Ҳуҷҷатҳоро аксбардорӣ намуда, ваъда додем, ки дар нишасти матбуотии имрӯза ин масъаларо пеш мегузорем.

Барномаи тарҳрезишуда?

Баъди ошно шудан бо вазъият дар қитъаи 3-юми сохтмонӣ мехостем ба Ҳукумати шаҳри Кӯлоб равем, ки он ҷо гузаронидани нишасти матбуотӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо аз қитъа берун нарафта, назди хаймаи ситод мошини Ҳабибулло Латипов, ки пеш аз мо ҳаракат дошт, қарор гирифт. Сабаби исташро пурсидем. Нафаре гуфт, ки мошини борбари КҲФ кӯмак овардааст. Дигаре нешханд зад, ки «ана ин аст барномаи тарҳрезишуда!».

Сарбозҳо дегу сатил ва дигар асбобҳои рӯзгорро аз мошин фароварданд ва мо мушоҳидачӣ будем. Ин ҳангом намояндагони Ҳилоли Аҳмар ҳам ҳузур доштанд. Ба онҳо суол додем, ки нақши шумо дар кӯмакрасонӣ ба аҳолии зарардидаи Кӯлоб чи гуна аст? Танзимгари барномаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоб Абдулло Сафаров гуфт: «Мо — кормандони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоб буда, иборат аз 16 нафар ихтиёриён ва 4 нафар коргар аз рӯзи 7-уми май (рӯзи сар задани сел) инҷониб фаъолият карда истодаем. Ҳар рӯз ба хаймаҳои мардуми ҷабрдида даромада, аҳволпурсӣ мекунем. Мепурсем, ки чанд нафаранд, сардори оила кист, чӣ танқисӣ доранд? Ҳамаи инро ба назар гирифта, дар маҷлиси ташкилотҳо ҳисобот медиҳем, ки кадом хаймаҳо чӣ вазъият доранд. Ҳозир ҳама чиз мерасад, фақат каме мушкили об ҳаст. Аз хӯрока, газ ва дигар чизҳо мардум таъминанд. Ҳилоли Аҳмар 140 оиларо бо хайма, маводи хӯрока, матрас, кӯрпа, болопӯш, маводи тозагӣ таъмин менамояд».

Рӯ ба рӯ бо масъулин

Дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ хубу баҳсбарангез гузашт. Ҳарчанд баъзе посухҳои масъулин рӯзноманигоронро қонеъ накард. Муовини раиси Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Хатлон Саидумрон Абдураҳмонов зикр намуд, ки мувофиқи маълумотҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва шӯъбаи тандурустӣ, дар натиҷаи офати табиӣ 12 нафар вафот кардаву 1 нафар бенишон гаштааст. Дар ҳоле ки коршиносон чандин бор эҳтимоли фавту бенишоншавии нафарони бештареро гӯшрас карда буданд. Ба гуфтаи С. Абдураҳмонов, дар асоси маълумотҳои раисони маҳаллаҳо, комиссия дар ҳайати ҳам ҳукумати маҳаллӣ, ҳам раисони маҳал, ҳам кормандони КҲФ якҷоя гашта муайян кардаанд, ки 229 хона пурра зарар дидааст. Дар ин хонаҳо 435 оила зиндагӣ карда, 2271 нафарро ташкил медодаанд. 269 хона қисман зарар дидааст, ки 554 оиларо ташкил дода, 2870 шаҳрвандро дар бар мегирад. Ҷамъулҷамъ 498 хона пурра ва қисман зарар дидаанд, ки 989 оиларо ташкил мекунанд.

Чун инҷо масъалаи сохтани хонаҳо ва тақсими он ба мардуми ҷабрдида зикр гардид, андешае ҳам вуҷуд дошт, ки шояд ноадолатӣ нисбати баъзе нафарон ба миён ояд. Дар ин маврид С. Абдураҳмонов зикр намуд, ки мувофиқи қарори Ситод, ба сардори ҳар як оила хона дода мешавад, ба дигар оилаҳое, ки дар ҳайати ин оила зиндагӣ мекарданд, замин. «Барои ин ки норозигӣ нашавад, Ситод қарор кард, ки хонаҳо ба тарзи «лоторея» тақсим карда шавад. Дар панҷ қитъа бо навбат сардорони оилаҳо омада гирифтанд. Имрӯз мардум ризо аст. Зеро, агар мо аҳолии Чармгарони Поёнро аз Навобод ҷудо мекардем, шояд байни мардум норозигӣ пайдо мешуд. Барои ҳамин, хонаҳоро ба сардорони оилаҳо тақсим карда додем ва имрӯз ба воситаи шӯъбаи корҳои дохилӣ муайян карда истодаем, ки дар ҳақиқат маълумоти раисони маҳаллаҳо тасдиқ мешавад ё не. Баъди гирифтани ҳисобот аз шӯъбаи корҳои дохилӣ, тариқи «лоторея» боз қариб 500 оиларо бо қитъаи замин таъмин мекунем»,- гуфт ӯ.

Фурсати муносиб расиду масъалаи баҳси манзили қаровули боғе ба хотир омад, ки дар боло зикр кардем. С. Абдураҳмонов аз ин қазия хуб огоҳӣ доштааст, ки гуфт: «Дар қитъаи сеюм як хона дар вақташ ғайриқонунӣ сохта шуда будааст. Вақте моликиятро қонунӣ карданд, ӯ ҳам қонунӣ кардааст. Мо бо он оила сӯҳба ҳам кардем. Инҷо як аҷоиби кор аст, ки вақте «лоторея» додем, одаме, ки дар ҳамон участка афтодааст, мехоҳад ҳамон ҷоро гирад. Мо пешниҳод кардем, ки ҳамин хонае сохтаем, вайрон накунем, ҳамин гирад, ба шумо дигар участка диҳем. ӯ ки «не, ман лоторея гирифтаам, намекӯчам». Ҳоло ситод қарор қабул кард, ки барои он оилаи қаровул дар дигар қитъа замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоем». Аммо ӯ нагуфт, ки барои сохтмони манзил ба он шаҳрванди камбизоат кӯмак расонида мешавад ё не. Ба фикри мо, ғайр аз ҷудо кардани замин барои қаровул, тасмиме дар роҳи бунёди манзиле ақаллан мисли хонаи камбағалонааш гирифтан лозим.

Оид ба расонидани кӯмак суханҳо зиёд буд ва шояд барои бархе иштирокчиёни нишаст баъзе далелҳо лофу газоф менамуд, ки рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим вокуниш нишон дод. ӯ дар бораи мардумро ба хархаша кашидани «пултақсимкун»-ҳо гап кушод ва бо ҳамин камакак ғазаби масъулинро ҳам овард. Дар ҷавоб ба эътирози рӯзноманигор, С. Абдураҳмонов гуфт: «Нафароне пайдо шуданд, ки пулро дар кисаҳо оварда «ёрдам» гуфта, тақсим карданд. Рости гап, баъди ин Ситод қарор қабул кард, ки дигар ба ин роҳ надиҳем. Мисол, меояду ҳамсояамро 500 сомонӣ медиҳаду маро намедиҳад. Ин нодуруст аст. Чунки ҳамон нафари пулмедода намедонад хонаи ман пурра вайрон шудааст, ё аз ҳамсояам. Барои ҳамин, мо маслиҳат кардем, ки касе ёрдам карданист, ҳамаашро меорад анбори Ситод». Аммо ин посух Аҳмади Иброҳимро қонеъ накард. ӯ ин усулро нодуруст арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки беҳтарин роҳи расонидани кӯмак хонадорро дар кӯча назди худ хондану пулро ба дасташ додан аст. Ин эътирози рӯзноманигор саривақтӣ ва дорои маънои амиқи мантиқӣ буд. С. Абдураҳмонов низ зуд вазъиятро фаҳмид, ки иброз дошт: «Пуле, ки имрӯз омадааст, ягон тинаш ягон ҷо нарафтааст. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки 1 миллиону 346 ҳазор сомонӣ, 103 ҳазор доллар, 50 ҳазор рубли русӣ дар «Амонатбонк»-и шаҳр мавҷуд аст». Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ҳабибулло Латипов гапи ӯро «об» дод: «Ҳаминро гуфтаниям, ки гапҳои ҳавоӣ нашавад. Барои бартараф кардани зарари ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ барои шаҳри Кӯлоб 591 ҳазору 650 сомонӣ, барои Восеъ 89 ҳазору 450 сомонӣ, Темурмалик — 11 ҳазору 700 сомонӣ, Мӯъминобод — 43 ҳазор сомонӣ, Ховалинг — 10 ҳазор сомонӣ, Шӯробод — 79 ҳазор сомонӣ, Балҷувон — 43 ҳазор сомонӣ ва Шаҳритусу Ҷилликӯл 11-у 12 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Кумита миллион — миллион сомонӣ надорад, ки бароварда дар кӯчаву тангкӯча ба аҳолӣ тақсим карда диҳад. Пултақсимкунӣ вазифаи мо нест».

Вақте Ҳ. Латипов дар бораи «вазифа» гап зад, бисёр суолҳое буд сари ин истилоҳ, ки ҷавоб мехостанд. Рӯзноманигорон хостанд бидонанд, ки чаро наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзу соати сар задани офати табиии 7-уми май вазифаи ҷонии худро иҷро карда натавонистанд. «Намояндаҳои мо аз сел огоҳ буданд. Аз ҳар бориши зиёд Агентии обуҳавошиносӣ ба мо иттилоъ медиҳад ва мо ба тамоми хадамотҳо иттилоъ мерасонем. Лекин он миқдор боришотеро, ки он рӯз ба амал омад, ягон кас пешгӯӣ накарда буд ва пешгӯӣ карда ҳам наметавонист»,- гуфт дар посух раиси КҲФ. Аммо ӯ иқрор шуд, ки шабона намояндагони ин ниҳод натавонистаанд дар ҷойи воқеа ҳозир шаванд.

Дар нишасти матбуотӣ оид ба омилҳои сар задани офат ҳам баҳс ба миён омад. Зикр гардид, ки гӯё сабаби ба вуҷуд омадани офат дар сойи Тебалай пайдо шудани кӯли сунъие дар ноҳияи Шӯробод будааст. Вале рӯзноманигор Рустами Набот, ки худ сокини ин ноҳия аст, пеш овардани далели «кӯли сунъӣ»-ро баҳонае барои худсафедкунӣ донист. Чун Ҳ. Латипов нишонаҳои ташкилёбии обанбори сунъиро асос овард, суоле ба миён меомад, ки вақте масъулин аз вуҷуди кӯл огоҳӣ доштанд, чаро чораи бартарафкунии хатарро наандешиданд? Дар ин маврид Ҳ. Латипов гуфт, ки ин обанбор дар муддати як рӯз ба вуҷуд омадааст. Савол: «Як рӯз басанда нест барои мардумро огоҳ кардан?». Ҳ. Латипов: «Басанда аст, лекин зери назорат набудааст».

Баҳси сабабҳои ба вуҷуд омадани офат дар ҳоле сурат гирифт, ки фарзияи дигаре низ вуҷуд дорад. Соле қабл барои анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай тендер эълон мешавад. Дар тендери мазкур ташкилоти сохтмоние аз ноҳияи Фархор ғолиб меояд ва дар масофаи 750 метр соҳили сойро мустаҳкам мекунад. Вале бархе мегӯянд, ки аллакай пеш аз омадани сел 60-70 метри он шуста шудааст. Вобаста ба ин ҷузъи масъала аз ҷониби рӯзноманигорон саволе пешниҳод шуд, ки оё нисбати ширкати сохтмонии мазкур чорае дида шудааст? С. Абдураҳмонов дар ҷавоб ба ин суол гуфт: «Ин масъаларо мақомоти қудратӣ омӯхта истодаанд. Ҳамаамон шаҳрванди Тоҷикистонем. Бояд фаҳмем, ки он ҳаҷми обе ки омад, агар ҳама ҷоро маҳкам мекардем ҳам, мезад. Ин воқеа аст, вале бояд пеши роҳашро бигирем, ки ақаллан талафоти ҷонӣ нашавад».

Ҳ. Латипов дар ҷавоб ба суоли «барои чӣ чархбол истифода бурда нашуд?» гуфт, ки КҲФ чархбол надорад. «Чархбол дар итоати Вазорати мудофиа аст. Дигар, шабона чархбол истифода бурда намешавад. Дар он минтақае, ки офати табиӣ ба вуҷуд омад, истифода бурдани чархбол ғайри мақсаднок аст»,- иброз дошт ӯ ва илова кард: «Як нақшаи ҳамкории мутақобила дар ин маврид бо Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ аллакай ба имзо расид. Дар ҳолати фавқулодда КҲФ имконият дорад бо ҳамроҳии наҷотдиҳандагони мо аз вертолёти онҳо истифода барад. Ҳамчунин, айни замон дар бораи ба Кумита ҳамроҳ кардани Хадамоти оташнишонӣ ба роҳбарияти давлат мактуб омода гардидааст».

Агар аз ин нуқтаи назар ба мавқеи сохториву ташкилии КҲФ бингарем, пас метавон гуфт, ки чунин тасмим наметавонад вазъи хизматрасониро тағйир диҳад. Зеро барои дархост кардани чархбол дар ҳолатҳои изтирорӣ чанд марҳила паси сар мешавад ва то посух мерасад, ки ба қавли мардум, «гов ҳаром мемирад». Яъне, чӣ гуфтанием? Бояд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мақомашро бо пештара Вазорати ҳолатҳои фавқулодда тағйир диҳад. Дар ин сурат, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаро зарур аст чархболи худро дошта бошад ва қисмати намояндагонашро дар минтақаҳо ба дӯши мақомоти маҳаллӣ ҳавола накунад. Бо мақомоти маҳаллӣ танҳо ҳамкорӣ кардан лозим.

Дар нишасти матбуотӣ иштирокчиён аз матолиби дар ВАО нашршуда ёдоварӣ намуданд. Онҳо мепурсиданд, ки раиси КҲФ Ҳабибулло Латипов нисбати вокуниши расонаҳо дар боби ба истеъфо рафтани роҳбарони масъул чи назар дорад? ӯ гуфт: «Мо одамҳои ҳарбием ва аз тарафи роҳбарияти давлат ба вазифа таъин мегардем. Агар роҳбарияти давлат зарур донад, он гоҳ мо аз вазифа меравем».

«Хоҳиши мӯйсафеди нуронӣ»

Нишасти матбуотӣ дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Вақте ба Душанбе равон шудем, шаб наздик буд. Соати 1-и шаб ба Душанбе расидем ва намояндагони КҲФ ҳар нафарро ба мавзеъҳои зисташон бурда, худ баргаштанд.

Кӯфти роҳ маро чандон монда карда буд, ки рӯйи ҷойхоб дароз кашидан баробар хобам бурдааст. Як вақт хоб бинам, мӯйсафеде нуронӣ болои сарам чорзону нишаста, аз рафти сафар мепурсад. Чун шунид, ки масъулин аз вазифа рафтанро бо хушнудӣ қабул мекунанд, лаб ба сухан кушод: «Ба онҳо гӯед, ки ҳеҷ куҷо намераванд, то мурдаҳои Кӯлобро зинда накунанд! Ҳамин ки масъулияташон иҷро шуд, ба истеъфо мераванд, ё куҷои дигар, рафтан гиранд!». Мӯйсафед ин суханро гуфтаву зуд нопадид гашт. Садои охирин қадамаш, ки аз остонаи дар берун мемонд, маро бедор кард. Чанд лаҳза карахт нишаставу маънии сухани мутафаккиронаашро ҷустам. Ёфтам. ӯ дар назар дошт, ки намояндагони мақомоти дахлдор акнун муваззафанд бе шитобкориву адолатмандона мушкилоти мардуми зиндамондаву заҳматкашидаи Кӯлобро ҳал намоянд, зеро вақти шитобкорӣ гузашта. Шитобкориро бояд ҳу як моҳ пеш мекарданд!

Фазлиддин АСОЗОДА,

Душанбе — Кӯлоб — Душанбе

Июнь 13, 2010 at 12:01 пп Оставьте комментарий

Жириновский «фолбинӣ» мекунад

Чӣ водор кардааст,ки ӯ мехоҳад Тоҷикистон ба ҳайати Русия дарояд?

Чанд рӯз пеш дар сомонаҳои интернетии тоҷикиву хориҷӣ ҳангома карданд, ки раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский пешниҳоди ногаҳоние намудааст. Яъне, ӯ хостааст Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳайати Русия дохил кунанд. Якбора сари чунин хоҳиши моткунанда қарор гирифтани яке аз чеҳраҳои намоёни рус касро ба фикр кардан водор месозад. Ва дар навбати аввал фикри асосӣ ҳамин мешавад, ки чаро то ин вақт чунин хоҳиш ба майнаи пуршӯри Жириновский наомад? Чаро замоне рӯй ба вокуниши пурсарусадо овард, ки Қирғизистон алҳол аз бозмондаҳои кашмакашиҳои ахираш нараҳидааст? Чи рабтест Қирғизистонро бо Тоҷикистон? Чаро Жириновский барои ҳадафрас кардани тасмимаш вазъи Тоҷикистонро дар ҳоли фарсудагӣ арзёбӣ мекунад? Чаро баробари ибораҳои тезутундаш далели қотеъ намеорад, то тавонад зарару фоидаи кишварҳои мавриди назарашро аз даромадан ба ҳайати Русия муайяну муқаррар намояд? Фикр мекунам, далел ҳам намеёбад. Танҳо эҳсоси худхоҳист, ки ӯро ба доми тазвир кашидаву водор намуда, ки вазъи минтақаро беасос «пешгӯйӣ» кунад. Чунин пешгӯйиро дар забони мардуми мо «фолбинӣ» мегӯянд…

Чун вазъи Қирғизистон ҳанӯз ҳам ноором аст, шояд таъсире бар сиёсати хориҷии он расонида шавад. Аммо гумон аст, ки мардуми орому озодихоҳу «шаҳд»-и нокомиҳоро чашидаи тоҷик бар ин ёвагӯиҳои ҷаноби Жириновский эътибор диҳанд ва талош варзанд барои даромадан зери итоати Русия. Зеро мардуми ватандӯст аллакай хуб медонанд, ки «он хона қашанг аст, вале хонаи мо нест».

Ҷаноби Жириновский дар барномаи «Мавқеъ» («Позиция») дар сӯҳбат бо В. Карпов хатари бемории фалаҷро дастак карда, дар боби бастани марз бо Тоҷикистон сухан мегӯяд. Бубинед, аз ҳаминҷо аллакай бемантиқии андешаҳои ӯ собит мегардад. Дар ҳоле ки ҳамин навакак пешниҳоди ба ҳайати Русия даромадани Тоҷикистонро кардааст. Пас, худ аз худ маълум мегардад, ки ҳадафи аслии ӯ зарба задан ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст, на раҳму шафқат ва на дилсӯзӣ бар ду духтараки бемор, ки яке аз Иркутск будаасту дигаре аз Маскав. Яъне, ӯ андеша дорад, ки бо бастани роҳҳои Тоҷикистон ба Русия, қатъи хатҳои алоқа ва ҳоказои дигар, мардуми мо маҷбур мешаванд «ҳалқаи заррин» бар гӯш кунанд. Аммо хестаст, ки хоб аст! Дар сӯҳбати Владимир Жириновский ҳамчунин омадааст, ки баъди бастани роҳҳои оҳан тоҷикон шояд самти ҳамкориҳояшонро дигар намоянд. Яъне, рӯй оранд ба дигар кишварҳои дуру наздик. Аммо ӯ бо як ҳавобаландӣ изҳор медорад, ки Тоҷикистон ҷойи рафтан надорад ва чун наметавонад берун равад, ин ҷо инқилоб шуданаш мумкин аст. Ва далел меорад, ки ҳам дар Афғонистон, ҳам Эрон ва ҳам дар ӯзбекистон мевагиҳое вуҷуд дорад, ки дар Тоҷикистон ҳаст. Аммо, чун ӯ шояд боре ба сифат мутаваҷҷеҳ нашудааст, намедонад, ки дар ин миён низ бартариҳо мавҷуданд. Боз, шояд бо сифати меваҷоти Тоҷикистон хуб ошно бошад, ки акнун бар он чашм ало кардааст. Аммо чун пешниҳодаш ҷон надорад, ақидаи ташкил кардани нӯҳумин округи федеролияш ба гӯши фил хоҳад рафт. Зеро мақомоти Тоҷикистон он қадар бефаҳм ҳам нестанд, ки «ба хотири кайк пӯстин сӯзанд». Ин ҷониб хуб медонанд, ки дар самти геополитикӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ бояд чандҷониба боқӣ монанд.

Фазлиддин АСОЗОДА,

БМСТЖ

Июнь 4, 2010 at 2:36 пп Оставьте комментарий

Ё «Роғун», ё Самарқанду Бухоро…

ва ё то кай ба тоҷикон бо як чашм нигоҳ мекунанд?

Баъд аз бозиҳои сиёсии чандкаратаи ҷониби Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд ҳайати ҳукуматияшро бо сарварии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон барои анҷом додани музокира бо мақомоти кишвари ҳамсоя ба Тошканд фиристонад. Манзури асосӣ аз ин сафари ҳайати ҳукуматӣ баррасии масоили интиқоли молу коло ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбекистон аст. Вагонҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистон бо баҳонаи «мушкилоти фаннӣ» боздошт шудаанду коршиносони тоҷик ин амалро ба масоили сохтмони НБО-и «Роғун» марбут медонанд.

Сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки намояндаи сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе гуфтааст: «Бо назардошти аҳамияти «ТАЛКО» барои иқтисоди Тоҷикистон вагонҳои иборат аз гилхок барои ин корхона бидуни таъхир ва навбат ба Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд». Шояд баъди чунин баёнияи сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон сари мавзӯи «ТАЛКО» камтар қарор гиранд. Ба он хотир, ки кишвари ҳамсоя иштибоҳҳоташро дарк кардаву акнун баҳри рафъи моҷароҳо роҳи мусолиматомезро пеш хоҳад гирифт. Аммо боз ҳам шубҳа боқӣ мемонад, ки шояд «оромшавӣ»-и Ӯзбекистон як муддати кӯтоҳ бошад. Зеро муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филип Ле Уэйру дар номаи ба Ҳукумати Ӯзбекистон фиристодааш хабар медиҳад, ки коршиносони Бонк дар давоми рӯзҳои 20-27-уми апрели соли равон асосонокии вазъи техникию иқтисодии сохтмони НБО-и «Роғун»-ро мавриди ташхис қарор медиҳанд. Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин Ҳукумати Ӯзбекистонро мутмаин месозад, ки мутахассисон ба нақшаи сохтмони нерӯгоҳ баҳои беғаразонаю асосонок медиҳанд ва ин ҷонибро аз натиҷаҳои ташхис огоҳ менамоянд. Гумони ғолиб ин аст, ки ҷониби Ӯзбекистон танҳо ба хотири фаҳмидани хулосаи ин мутахассисон муваққатан сокит шудааст ва кӣ медонад боз чӣ нақшаҳоеро бар сар дорад. Чунки, нақшаҳои бебунёди ин кишвар борҳо аён шудаву ба нокомӣ мувоҷеҳ гаштааст.
То он вақте, ки дар бораи сохтмони НБО-и «Роғун» қарор қабул шуд, аз ҷониби Ӯзбекистон монеасозиҳо вуҷуд дошт. Аммо на ба он ҳадде, ки соли ҷорӣ пурзӯр гардид. Ҳанӯз дар соли 2009 рӯзномаи иғвоангези Ӯзбекистон — «Даракчӣ» мақолаи бесарунӯгеро таҳти унвони «Дар хоки Сурхондарё алюминий?» нашр карда буд, ки муаллифи он Дилшодаи Зариф бо эҳсосоти бемаврид мегуфт: «… Зарари заводи арзизи Тоҷикистон ба саломатии аҳолии 570-ҳазорнафараи вилояти Сурхондарё ҳалокатбор буда, вазъи экологии ин минтақа хеле хавфнок шудааст. Қаблан корхонаи арзиз ба навоҳии Сариосиё ва Узун таъсири хешро расонида бошад, акнун ба анорҳои дар ҷаҳон машҳури Дашнобод таъсир расонида истодааст. Меваҳо ҳеҷ гап не, одамон, саломатии инсонҳо чӣ? Ба ин кӣ ҷавобгар аст?… ». Дар ҳоле ки, тибқи маълумотҳо, заводи металлургии Бекобод алъон дар хоки Тоҷикистон ҷойгир асту аҳолии чанд ноҳияи кишвари мо аз дуди заҳролуди он нафас мекашанд. Инчунин, оид ба ҳамин ҷузъи масъала муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова дар як мусоҳибааш гуфта буд: «… Аз ҷониби мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист ва тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли даҳсолаи охир ягон маводи ташхиси лабораторӣ ё натиҷаҳои мушоҳидаҳои шабакаҳою дидбонгоҳҳои гидрометеорологӣ, ки аз меъёр зиёд будани консетратсияи партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро дар ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин ва сарҳади давлатӣ нишон диҳад, ба унвони сохторҳои тандурустӣ ё ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ирсол нагардидааст. Таъсири манфии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ хеле зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии партовҳои ба ҳаво хориҷшаванда дар Осиёи Марказӣ, ки 7,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28,7% (2,2 млн. тонна) ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,6% (0,12 млн. тонна) рост меояд, ки дар муқоиса нисбат ба ҷумҳурии ҳамсоя 18 баробар кам мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 фоизи энергияи электрикӣ асосан дар нерӯгоҳҳои барқии обии аз ҷиҳати экологӣ тоза тавлид мешавад. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, 85 фоизи энергияи электрикӣ асосан дар нерӯгоҳҳои аловӣ истеҳсол мегардад, ки ҳаҷми партовҳои моддаҳои ифлоскунанда аз чунин нерӯгоҳҳо даҳҳо маротиба аз партовҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ зиёд аст. Дар шаҳрҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду заводи металлургӣ, заводи сементбарорӣ, стансияи гармидиҳии аловӣ ва якчанд корхонаи хурди саноатӣ мавҷуданд, ки бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ кор мекунанд. Санҷишҳои моҳи ноябри соли 2009 гузаронидаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишон дод, ки таъсири манфии партовҳои хориҷшавандаи онҳо, аз ҷумла оксиди сулфур, чангу ғубор ба муҳити атрофи ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва минтақаҳои Фармонқурғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз меъёрҳои муқаррарӣ 1,5 маротиба зиёдтар аст».
Аммо гӯши гапношунави ҷониби Ӯзбекистон ин суханҳоро нашунида, ки боз дар рӯзномаи «Адолат кузгусӣ»-ашон муқобили Тоҷикистон баромади ноҷою иғвоангезона кардаанд. Аз ҷумла, муаллифи мақолаи «Дар минтақаи Осиёи Марказӣ сохтмони ГЭС-ҳои бузург ба миллионҳо одамон таҳдид мекунад» — О. Раҷабов менависад, ки «сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст». Бо ин қонеъ нашуда, муаллифи «мӯҳтарам» ба таҳдид мегузарад: «Ба ҳангоми зарурат ҷониби ӯзбекистон сохтмони нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Қамбарота»-ро бо роҳи низомӣ ҳам бошад, мутаваққиф хоҳад кард». Аз хондани ин ду ҷумла ба бефаҳмтарин фард ҳам маълум мегардад, ки чунин мавқеъ танҳо мавқеи як нафар муаллиф нест. Дар пушти ин муаллиф нафар ва ё гурӯҳҳое меистанд, ки аз ҷониби сохторҳои калидии давлатӣ пуштибонӣ мешаванд. Аммо ин иддаои ҷониби Раҷабов асос надораду ба ҷуз «хоби даруни гаҳвора» дигар чизе нахоҳад буд. Зеро Тоҷикистон боре ҳам барномаҳояшро бе ҳамоҳангӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон амалӣ накардаву ҳамеша аз дипломатия истифода бурдааст. Дар ин маврид худи Президенти кишвар низ мегӯяд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс, бо татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо минтақаҳоро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард. Зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунад, ки комилан ба протсесси Копенгаген ҳамоҳанг аст».
Дар навбати худ, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун изҳор дошта буд, ки «Мо аҳамияти бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омодаем онро ба таври амиқ баррасӣ намоем. Мардум бояд ба нерӯи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд». Дар ин замина ӯ қайд намуд, ки барои ташкил кардани муколамаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мазкур кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров низ ба бехатарии сохтмони НБО-и «Роғун» ишора карда, мегӯяд: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдори сохтмони нерӯгоҳ аст. Ин тарҳ шояд ба баъзе гурӯҳҳо манфиатнок набошад, вале барои мардуми Ӯзбекистон ба ғайр аз манфиат чизе намедиҳад. Барқи арзон ва солим барои муҳити зист ба фоидаи ҳама аст».
Аммо аз чӣ бошад, ки ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ин нуктаҳоро нодида мегираду барои амалӣ кардани нақшаҳои худкомагии худ талош меварзад.
Чунин ба назар мерасад, ки фаъолияти «ТАЛКО» ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» устухонест дармонда бар гулӯяш. Устухоне, ки на фурӯ бурда метавонад, на бо зӯри атса дур андохтан мехоҳад. Ҳамин аст, ки рӯз аз рӯз нағмаву усулҳои нав ба нави фишороварӣ мебофад. Бахусус тазоҳуроте, ки чанде қабл Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон дар рӯзи 35-солагии «ТАЛКО» барпо кард, боиси тааҷҷуб аст. Шояд ҷониби Ӯзбекистон фикр кардааст, ки «Талко» барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» маблағгузорӣ мекунад ва бо ин роҳ «дамашро» дарун афтонданӣ шудааст? Кӣ медонад!? Аммо иддаои онҳоро, ки гӯё фаъолияти ин корхона барои вазъи саломатии аҳолии манотиқи марзӣ зараровар аст, мутахассисони тоҷик беасос хонда, ҷавобҳои мушаххаси пурдалел ҳам доданд.
Сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Нуралӣ Қодиров гуфт: «Таҳлилҳои аналитикии озмоишгоҳи корхона, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ нишон медиҳанд, ки миқдори партовҳои истеҳсолии зараровар дар ҳудуди корхона дар доираи меъёрҳои муқарраргардида қарор дорад.
Дар корхона он таҳлилҳое мавҷуданд, ки солҳои 89-90-ум дар ҳолати бо иқтидори зиёдтар фаъолият намудани корхона бо ҳамдастии мутахассисони масъули ҳифзи муҳити атрофи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бо имзои кормандони ҳукумати маҳалли кишвари ҳамсоя тасдиқ шудаанд. Мувофиқи он, миқдори моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолӣ 8-10 маротиба аз меъёр кам аст.
Имрӯз, ки истеҳсоли маҳсулот нисбати он солҳо камтар гардидаасту миқдори консентратсия дар ҳудуди корхона аз 3 то 10 маротиба кам аст, чаро он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд мегардидааст?
Ба фикри ман, ин танҳо бозии сиёсӣ асту халос».
Мавсуф ба хулосае омадааст, ки муаммоҳо миёни ҳамсоягон бояд бо роҳи мусолиматомез ва назардошти манофеи ҳамдигарӣ ҳал шавад, на тавассути эътирозҳои сохтаву бозиҳои сиёсӣ.
Чунин ҳам ҳаст. Зеро ташкил кардани тазоҳуроту аз ҳисоби донишҷӯён пур намудани сафи эътирозгарон ба мнфиати кор нест. Эътирозро бо роҳи дипломатӣ низ метавон баён намуд. Вагарна, мо низ метавонем назди сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе хайма занему талаби Самарқанду Бухоро намоем, ба дарди садҳо соҳибони қурбониёни «минаҳои ӯзбекӣ» даво ҷӯем, барои оби аз қаламрави кишварамон мегузашта ҷуброн хоҳем ва ҳоқазо. Аммо ба қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода: «Коршиносони ҳирфаӣ роҳи ҳалли дурусти мушкилоти обу барқи минтақаро дар бастани созишномаи дарозмуддат дар бораи бунёди «Иттиҳоди обу барқи кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ» дидаанд, ки татбиқи он ҳам мушкили таъмини кишварҳои болообро бо барқ ва ҳам масъалаи риояти тавозун ва ҳифзи низоми обрасониро барои кишварҳои поёноб одилона ҳал хоҳад кард».
Аммо ҳанӯзам муаммост, ки кишвари ҳамсоя то кай ба мо бо як чашм нигоҳ мекунад? Ба ҳар ҳол, дар фароварди сухан иқтибосеро аз нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Ислом Каримов пеш меорем: «Халқҳои ду мамлакати мо таърихи умумӣ доранд ва асрҳо паҳлӯи ҳамдигар мезистанд. Бо ҳам будан сарнавишти мост ва мо бояд бо кӯшишҳои якҷоя ин мушкилиҳоеро, ки мардуми кишварҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, бартараф намоем».

Фазлиддин АСОЗОДА,
БМСТЖ

Апрель 28, 2010 at 9:07 дп Оставьте комментарий

Мо дар як дег меҷӯшем!

Март 24, 2010 at 11:06 дп Оставьте комментарий

«Babilon» дар бало монд

Баъди нисфирўзии 8-уми март Сокина ҳамсояаш Моҳбибиро канори обкаши чоҳкан бо дидаи нам ёфт. Ҳайрон шуд, ки дар ин рўзи хурсандӣ ҳама занону духтарон банди базму тараб ва сайру тамошоянду ўро чӣ расида бошад!? Хост пеш равад ва сабаби маъюсияшро пурсад. Аммо ҳамин ки назди чоҳкан расид, фикри ҳамдардӣ кардан аз сараш бадар шуд. Бо шўхии хоси занона пурсид:

— Ҳа, ҳамсоя! Чӣ шуд? Хурўсат ин саҳар ҷеғ назад — чӣ!?

Аз саволи танзомези Сокина, ки имрўз мебоист шўхтар нисбати дирўз мерасид, дарди Моҳбибӣ зўртар шуд. Ҳунгос зада гирист. Мисли кўдаки гаҳвора нола кард.

— Бубахш, бубахш дугона, ки надонистам то ин ҳад нозук шудаӣ,- гуфт бо пушаймонӣ Сокина.

Моҳбибӣ ҷониби ў нимнигоҳе кард ва зуд рўй тобонда, ғўра-ғўра ашкҳои ба рухсора таровандаашро пинҳонӣ пок намуду садое набаровард. Чун Сокина ором гардидани ўро дид, боз неш бар дили решаш зад:

— Фаҳмидам! Язнамулло тўҳфаро фаромўш кардагист…

Сухани Сокина нимғурма дар даҳонаш монд. Моҳбибиро тоқаташ тоқ шуд ки, дигар эҳтироми шавҳарро ҳам ба кўи фаромўшӣ дода, ғирев бардошт:

— Рав, раве қати ҳамун язнамуллоят. Кошки ҳамин саҳар хурўс шуда фарёд мезаду мерафт назди мокиёнҳои раҳдурияш ва то гузаштани 8-уми март намеомад!

Аз гуфтори ў Сокина дучанд ба ҳайрат афтод. Манзарае пеши назараш аксандоз шуд, ки худи ҳамин саҳар бо ду чашми бинои худ дида буд. Вақте барои дастрас кардани хамиртуруш ба хонаи ҳамсоя ворид шуд, медид, ки чи тавр Моҳбибӣ бо шавқу завқ машғул ба паҳн намудани дастурхону оро додани он аст. Ҳар замон нўги забонаш гапи шавҳар буд. «Ҳозир шўякам меояд, ҳозиракак меояд»,- такрор ба такрор мегуфт ў ва ҳатто ба назараш намерасид, ки Сокина дар хонааш меҳмон шудааст. Сокинаро ин зайл муносибати ҳамсоя як андоза ба рашк ҳам овард. Ҳамон лаҳза ҳатто худ ба худ ғурунгида буд: «Ана ин рўзгору рўзгордорӣ! Занака бин, ки шавҳараша чи қадар ҳурмат мекунад. Шавҳараш ҳам чунин меҳрубон будагист. Шавҳари ман чӣ!? Соати 12-и шаб медарояду 6-и саҳар мебарояд. Дар ў на одати навозиш аст, на…». Сокина ҳамин тасаввуроту таассуротеро, ки акнун дар майнааш пайдо шўд, ба ҳамсояаш гуфт. Моҳбибӣ боз ба шўр омад:

— Э дафъ шаванд ҳамаи ҳамин мардҳо! Ҳамаашон аз як хоканд!

Сокина ба таҳқиқ донист, ки ҳамсояаш чӣ алами алиме кашидааст. Ин бор бо оҳанги раҳмгинона пурсид:

— Дугонаҷон, росташро гўй, чӣ воқеа рўй додааст?

— Ҳеҷ чиз. Хўҷаинам ҳамин саҳар аз хона берун шуда, пайи кораш рафт, вале баъди расо ду соат гашта омаду тўҳфа овардан як тараф истад, хонаро ба сараш бардошт.

— Барои чӣ?

— Худам ҳам саргум задам. Доду фарёд намуд, ки «ман як тини пучак надораму ту инқадар худнамоӣ карда, буду шуди хонаро рўйи дастурхон кашидаӣ!». Баъдтар фаҳмам, сабаби безобита шудани шавҳарам ширкати мобилии «Babilon» будааст.

— Чи тавр?

— Дар телефонаш табрикот омадааст, ки «Идатон муборак, бонувони азиз!». Ана ҳамин табрикот боиси сар задани хархашаи ману шавҳарам гардид. «Babilon» бояд барои ин бемасъулиятияш ҷавоб гўяд.

— О «Babilon»-и бечора аз куҷо медонист, ки муштарияш мард аст?

— Пулро қаймоқ барин мегираду чи хел намедонистааст!? Ҳоло истанд, як коре кунам, ки… Аз пагоҳ дар пайи ҷустуҷўи занони ҷабрдида меафтам. Хоҳ — нохоҳ ба шавҳари чанд нафари дигар ҳам чунин табрикот фиристодагистанд. Занҳоро ҷамъ карда, ҳамфикр мешавему «Babilon»-ро ба суд мекашем. Як бор ҷаримаи зарари расонидаашро ки дод, қандаша хўраду маротибаи дигар беаҳамиятӣ кунад!

8-уми марти Моҳбибӣ ана ҳамин хел гузашт. Ҳамсояаш Сокина бошад, интизор аст, ки ў кай барои ҳисобашро баробар кардан бо «Babilon» қадами аввалро мегузорад.

Қиёми САЪД

Март 10, 2010 at 7:42 дп Оставьте комментарий

Мо ҷанги иттилоотӣ надорем, ҳақиқатро мегўем…

Бояд мардона бигўем, ки аз мутолиаи посухи прокурори ноҳияи Файзобод ҷаноби Ҳ. Бобоев ҳаловат бурдем. Беихтиёр нидои «баҳ — баҳ!» аз ниҳодамон берун омад. Ба ин маънӣ, ки чунин посухи равонро бо услуби журналистӣ, дар симои прокурор кам касон менависанд. Аммо таърифу тавсифи посухи ҷаноби прокурорро ҳамин ҷо қатъ мекунем. Яъне, равонии матлабро канор мегузорем ва мепардозем ба ташреҳи он чи ки айни ҳол муҳимтар аст.

Оғоз мекунем аз шарҳи мантиқи посухнома, чун прокурори мўҳтарам калимаи «мантиқан»-ро истифода мебаранду мантиқи баъзе порчаҳои матнашон хароби хароб аст. Ин ҷо кофист пеш овардани як иқтибос аз ҷавобномаи эшон: «Ходими сиёсии амрикоӣ Филипс Уэндел (1818-1884) бо киноя сухане гуфта буд, ки мазмунаш айнан чунин аст — кош ба ман иҷозат медоданд, ки газета барорам, он гоҳ на амри маъруфи диндоронро ду пул мегирифтаму на қонунҳои қабулнамудаи депутатҳоро. Яъне вай дар назар дошт, ки бархе рўзномаю рўзноманигорон, чун имконият даст дод, баъзан на меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанду на талаботи қонунҳоро». Ана мантиқу мана мантиқ! О, чи гуна мешавад зикр кардани мазмуни гуфтаи нафареро айнан? Ё бо ифода кардани калимаи «айнан» прокурори мўҳтарам хостаанд нутқи худро пуртаъсир созанд? Хайр, инаш дарди бахайр. Аммо наметавон хулосаи мантиқиеро, ки ноогоҳона ба шахсияту ба номи як нафар мутафаккири барҷастаи сиёсӣ таҳмил шудааст, бахшид! Ҳ. Бобоев, ки ҳадафашон нишон гирифтани рўзномаву рўзноманигорон аст, иқтибоси бемаврид оварда, онро ба таври дилхоҳи худ шарҳ додаанд. Зеро мантиқан маълум аст, ки ходими сиёсӣ Филипс Уэндел аз тартибу таркибу мўҳтавои қонунҳои замони худ норозист. Ба ҳар ҳол, аз ҷаноби Ҳ. Бобоев миннатпазирем, ки саҳифаи тозаеро барои омўзиши ояндаамон кушоданд. Яъне, аз ин ба баъд дар пайи таҳаффуси нусхаи аслии нигоштаҳои Филипс Уэндел мешавем ва ҳатман дармеёбем, ки ў ин ҳикматро кай ва ба кадом хотир гуфтааст. Ҳамзамон, агар мўҳтарам прокурор хоҳиш дошта бошанд, ҳамчун нишони ҳамкорӣ барояшон як баста ҳикмату андарзҳои мутафаккирони русу тоҷику амрикоиву англису немисро оид ба рўзноманигору рўзноманигорӣ мефиристонем, то истифода баранд. Акнун мегузарем ба шарҳи нуктаҳое, ки прокурори ноҳия дар мавриди «дағалона вайрон намудани талаботи қонунҳои ҷорӣ аз ҷониби нашрияи «Пайкон»-у рўзноманигоронаш» зикр намудаанд. Вале нахуст бояд хотиррасон кунем, ки айб дар қонун нест. Айб дар мост, ки пеш аз амалӣ намудани талаботи он ҷузъҳои муқобилу дуҷониба ва ҳатто чандҷонибаи рўйдодро ба таври бояду шояд ба эътибор намегирем. «Охир дар кулли ин маводҳо дар хусуси он, ки мақомоти ноҳиявӣ маҳз кадом қонунро вайрон кардаанд, ҳатто як сухан нест!»,- менависад Ҳ. Бобоев. Вобаста ба ин ҷузъи посухнома чизе гуфтан намехоҳем, зеро дар шумораи 29 (29)-и ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаи «Файзобода шамолош не — е, қаророш…» ба табъ расида буд, ки паҳлўҳои зиёди ҳамин мавзўи баҳснокро кушодааст. Прокурор ба моддаи 7-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «… Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки маълумоти санҷиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани онҳо ошкор кунад» ишора намуда, мегўяд: «Мутаассифона, аз ҷониби нашрия пурра талаботи меъёри мазкур вайрон шудааст». Прокурори мўҳтарам таъкид накардаанд, ки дар куҷои ин қазия сирри тафтишот ҳасту кӣ оид ба ин масъала санҷиш гузаронда истодааст. Дар ҳоле, сирри тафтишот ҳангоми баррасии парвандае меравад, ки муфаттиш санҷиш гузаронида истодааст. Хуб, агар пофишории намояндаҳои Прокуратураи ноҳияро ба назар гирему гўем, ки далелҳояшон дуруст аст, пас, посухи иҷрокунандаи прокурори ноҳияи Файзобод, мушовири адлияи дараҷаи 3 А. Р. Раҳматовро ба аризаи даъвогар Рақибов Азиз чӣ баҳо диҳем? Ў дар ин посух менависад: «Ҳамин тариқ, ваҷҳҳои дар аризаатон овардашуда (А. Рақибов дар назар аст,- муаллиф) тасдиқи худро наёфтанд ва замини ғайриқонунӣ ишғолнамуда пурра дар асоси қонун ба ҳолати аввала баргардонида шудааст». Ана ҳамин аст боз як мантиқи бемантиқи дигар! Чун ў дар асоси қонун пурра иҷро шудани амри прокурори ноҳияро тасдиқ намудааст, боз чӣ сирри тафтишоте мемонад, ки боиси қонунвайронкунии нашрия мегаштааст? Дар ҳамин посухномаи А. Р. Раҳматов ду банди ҷолиб ба назар мерасад. Якум: «… Раиси ҷамоати деҳоти Мискинобод Сайфиддинов А., муҳандис — заминсози ҷамоат Идиев Б. ва мутахассиси Кумитаи заминсозии ноҳия Аминов И. қарори дар боло зикршударо (қарори №75 дар назар аст, ки оид ба он дар мақолаи «Файзобода шамолош не — е, қаророш…» гуфта шудааст,- Ф. Х.) сарфи назар намуда, 30.06.2007 дар қатори 1,59 га қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Заркамари 1-2, қитъаи замини Рақибов Атобуллоро бидуни асосҳои қонунӣ ба расмият даровардаанд». Дуюм: «Дар навбати худ масъулини Кумитаи заминсозии ноҳия дар доираи қонун қабул шудани қарорро муайян накарда, Рақибов-ро бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин намуда, ба ҳамин васила талаботи қонунгузории заминро дағалона вайрон кардаанд». Аз ин далелҳои А. Р. Раҳматов ба хулосае омадан мумкин аст, ки «арзанро гунҷишк мехўрдаасту калтакро бедона». Ба ҳамин хотир, донистан мехоҳем, ки нисбати масъулини номбурда чӣ чора андешида шудааст? Зеро ҳамин марҳила водор намудааст, ки масъала аз доираи талаботи Кодекси замин то Кодекси манзил рафта расад. Ҳамон Кодекси манзиле, ки прокурори ноҳия Ҳ. Бобоев оид ба «нодуруст будани талаботи моддаи 154-аш дар аризаи даъвогии камсаводона тартибдодашуда ва аз ҷониби суд баргардонидашудаи маслиҳатчиёну адвокатҳои Рақибов» сухан гуфтааст. Ҳамчунин, Ҳ. Бобоев моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро асос оварда, нигоштааст: «Мо чунин мешуморем, ки маҳз навиштаҳои зерини нашрияи «Пайкон» шаъну эътибори давлатро дар симои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, прокуратура, шўъбаи корҳои дохилии ноҳия халалдор сохта, он навиштаҳо маълумоти шаъну шарафи мақомоти давлатиро пастзанандаро дар бар гирифтаанд». Иқтибосҳои овардаи прокурори ноҳия ҳамон иқтибосҳое ҳастанд, ки нутқи айнан нақлшуда ба ҳисоб мераванд ва мутобиқи моддаи 2-и қонуни мазкур, яъне: «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст» рўи чоп омадаанд. Аммо ҳайронем, ки дар мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод?» ҷабрдида Гулрў Ибодова оид ба латукўб шуданаш аз ҷониби кормандони милиса шиква карда буду дар бораи ин шикояташ ҳанўз ҳам касе чизе намегўяд… Ахиран, прокурори ноҳия менависад: «… гумроҳ намудани омма аз ҷониби рўзноманигор, ки гўё мақомоти давлатӣ танҳо дар фикри озори мардуманду агар рўзноманигор ва рўзномаи вай набошанд касе ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳимоя карда наметавонад, комилан нодуруст аст». Ана инро мегўянд тўҳмати маҳз! Намедонам аз куҷо прокурори мўҳтарам ба чунин хулоса омада бошанд. Гўё мо шиор бардошта бошем муқобили мақомоти давлатӣ! Ва аз ҳамин ҷо ба хулоса меоем, ки пас, сарлавҳаи посухномаи эшон, яъне «Ҷанги иттилоотиро ғараз чист?» низ ба гумроҳӣ бурдани омма аст. Зеро ҳадафи ВАО аз иттилоърасонӣ «ҷанг» нест! Ва бо овози баланду буррову боварибахш мегўем: «Мо бачаи ҷангара нестем! Вале ҷонибдори он касе ҳастем, ки адолат ҷониби ўст!».

Фазлиддин ХОҶАЕВ,

«Пайкон», октябри 2009

Март 5, 2010 at 4:07 пп Оставьте комментарий

Предыдущие записи


Муаллиф

Омор

  • 3,766 дид

Назар

Апрель 2017
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Сен    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930